Навгонӣ

(1 овоз, миёна 5.00 аз 5)

Ҷаласаи нахустини кори Раиси шаҳр дар соли нав.Субҳи имрӯз Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода  ҷаласаи васеи кориро бо иштироки кормандони мақомоти шаҳрӣ, муовинон,мудирони шӯъба масъулини дастгоҳи раиси шаҳр, роҳбарони воҳидҳои сохторӣ, раисони кумитаи маҳаллаҳо, роҳбарони муассисаҳои таълимӣ ва томактабӣ баргузор намуд.
Раиси шаҳри Хуҷанд бо мақсади иҷроиши саривақтии дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар назди роҳбарони воҳидҳои сохтории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти дапвлатии шаҳри Хуҷанд вазифагузорӣ намуд.
Раҷаббой Аҳмадзода доири таҳлили вазъи соҳаҳои мухталифи шаҳр аз масъулини соҳа пурсиш намуда, қабл аз хама ба рушди соҳаи иқтисодиёт ва саноат таваҷҷӯҳ намуд.
Назар ба маълумоти оморӣ соли гузашта, чанде аз корхонаҳои соҳа фаъолияти назаррас надоштанд ва ҳатто баъзе аз онҳо аз фаъолият бозмонданд.

(1 овоз, миёна 5.00 аз 5)

Нахустин амалиёти пайваст намудани гурдаи инсон бомуваффақият гузашт.Дар арафаи таҷлили соли нави 2016 дар соҳаи тибби вилоят рӯйдоди муҳими ба вуқӯъ пайваст. Нахустин маротиба дар беморхонаи клиникавии № 1 маркази вилоят ба сокини ноҳияи Ғончӣ Фурқат Мансуров амалиёти ҷарроҳии  пайваст  намудани гурдаи модараш бомуваффакқият гузаронида шуд. Давоми як ҳафта мешавад номбурда дар шӯъбаи эҳё табобат гирифта, назар ба маълумоти табибон дар рӯзҳои наздик  ба назди пайвандони худ бармегардад. Имрӯз муовини Раиси вилояти Суғд Назира Ғаффорӣ ва Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода барои хабаргирии Фурқат Мансуров омаданд.
Масъулини Беморхонаи № 1 шаҳри Хуҷанд иттилоъ доданд, ки ҷарроҳии мазкур давоми 6 соат аз ҷониби табибони  Маркази пайваст намудани узвҳо ва бофтаҳои шаҳри Душанбе Бахтиёр Боиров, Оқилҷон Одилов Парвиз Назаров иҷро гардид.

(1 овоз, миёна 5.00 аз 5)

altҲамшаҳриёни азиз!
Мо бо соли 2015-уми мелодӣ, ки дар хотири мардуми Тоҷикистон ҳамчун соли заҳмати содиқонаву софдилона барои ободии Ватани азиз. амалӣ гардидани ҳадафҳои неки бунёдкорона ва дастовардҳои навбатии давлати соҳибистиқлоламон нақш хоҳад баст, хайрбод мегӯем ва соли нави 2016-уми мелодиро бо умеду орзуҳои нек ва нияту нақшаҳои нави созанда истиқбол мегирем.
Дар ин лаҳзаҳои идона ҳамаи Шумо сокинони Хуҷандшаҳрро бо фарорасии соли нави мелодии 2016 самимона табрик гуфта, ба ҳар яки Шумо тансиҳативу рӯзгори осуда, бахти пояндаву иқболи нек ва зиндагии пурфайзу бобаракатро орзу мекунам.
Бо ифтихор метавон зикр кард, ки соли 2015 барои сокинони Тоҷикистони азиз соли комёбиҳои бузург ва дастоварҳои назаррас буд.

(1 овоз, миёна 5.00 аз 5)

Шоми солинавии  шаҳри Хуҷанд  пуршукӯҳ  доир гашт.  Ин шом дар майдони «Ситораҳои Хуҷанд»   чорабинии оммавӣ  ва шоу консерти Ҳунармандону устодони санъати вилояти Суғд   бо шукуҳу шаҳомати хоса доир  гашт.
Муовини Раиси вилояти Суғд  Анвар Яъқубӣ  табрикоти Раиси вилоят  Абдураҳмон Қодириро  ба самъи ҳозирон расонд.
Дар назди     иштирокдорони    чорабинии солинавӣ  Раиси шаҳри   Хуҷанд  Раҷаббой Аҳмадзода  баромад намуда   кули иштирокдорони  ин ҳамоиши идонаи фархундаро бо фарорасии соли нави мелодӣ  табрик намуданд.
«Дар ин лаҳзаҳои идона ҳамаи Шумо сокинони Хуҷандшаҳрро бо фарорасии соли нави мелодии 2016 самимона табрик гуфта, ба ҳар яки Шумо тансиҳативу рӯзгори осуда, бахти пояндаву иқболи нек ва зиндагии пурфайзу бобаракатро орзу мекунам».

(1 овоз, миёна 5.00 аз 5)

Мулоқоти самимии Раиси шаҳр бо Шаҳрвандони фахрии  Хуҷанд.Дар интиҳои сол Раиси шаҳриХуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода бо собиқадорони меҳнат,- Шаҳрвандони фахрии шаҳри Хуҷанд дар сари дастурхони солинавӣ мулоқоти самимӣ анҷом дод.
Раиси шаҳри Хуҷанд ба собиқадорони меҳнат аз натиҷаҳои соли 2015 дастовардҳои он, нақшаҳои амалигашта маълумоти мухтасар дода, зикр намуд, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ҳамарӯза ба таҷриба, дониш, маслиҳати шахсони барнодил, Шаҳрвандони фахрии шаҳри Хуҷанд такя мекунад.
«Соли сипаригаштаистода маҳз бо дастуру раҳнамоии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар соҳаҳои гуногуни шаҳри Хуҷанд ба натиҷаҳои назаррас ва қобили қайд ноил гаштем.

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1-уми августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишкадаи поли...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...