Навгонӣ

Дастоварди толибилмони шаҳри Хуҷанд дар сессияи Академияи хурди илмҳоДар шаҳри Конибодом сессияи вилоятии Академияи хурди илмҳо аз рӯи 15 бахш: рӯзноманигорӣ, адабиёти тоҷик, забони тоҷикӣ, забони русӣ, адабиёти рус, забони англисӣ, таърих, ҳуқуқ, математика, физика, астрофизика, химия, биология, экология, педагогика-психология, тиб баргузор гардид. Дар ин озмун 30 нафар ғолибони сессияи Академияи хурди илмҳо аз шаҳри Хуҷанд иштирок намуданд. Мавриди зикр аст, ки толибилмони мактабҳои шаҳри Хуҷанд сазовори 11ҷойи аввал, 6 нафар ҷойи дуюм ва 3 нафар ҷойи сеюм гардиданд. Ҳамчунин барои иштиороки фаъолона 8 нафар ба ифтихорнома мушарраф гаштанд.
Аз ҷумла, Зарифа Абдуғаффорова аз литсейи ДДҲБСТ, Шоҳина Осимова ва Зарнигор Юлдошева аз гимназияи №4, Фарангис Аҳророва аз м.х. «Паймони азизон», Муҳаммад Ҳакимов аз гимназияи №13, Муродӣ Муслиҳиддин аз м.х. «Гулчини маърифат», Нигина Урмонҷонова аз мтму №15, Таманно Яҳёева аз мтму №19, Нигина Абдуллоева аз гимназияи «Кавсар», Меҳрубон Аҳроров аз мтму №31 ва Мавзуна Комилова аз мтму №14 соҳиби мақоми аввал гардиданд.

Маҳфили “Хушдилон ва ҳозирҷавобон-дарёфти чеҳраҳои навБо мақсади дарёфти чеҳраҳои нави ҷавонони эҷодкор ва ба ин васила мустаҳкам намудани дӯстиву рафоқат байни мактабиён бори нахуст бо дастгирии Раёсати маорифи вилояти Суғд ва иқдоми Маркази таҳсилоти иловагии вилоят даври аввали озмуни вилоятии «Хушдилон ва ҳозирҷавобон» миёни мактабиён доир гардид. Он дар муассисаи давлатии Маркази ҷавонони ба номи Лоиқ Шералии шаҳри Хуҷанд сурат гирифта, дар озмун дастаҳо аз мактабҳои шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Бӯстон, Бобоҷон Ғафуров, Спитамен тибқи низомномаи баргузории озмун дар се бахш- “Муаррифӣ ё саломнома”, “Саволнома” ва “Вазифаи хонагӣ” байни ҳам қувваозмоӣ намуданд. Бояд гуфт, ки толибилмон маҳорати баланди ҳунарварӣ, сурудхонӣ ва ҳазлу мутоибаҳоро нишон доданд.
Дар ҷамбасти озмун ҷойи якумро бо 14 хол мактаби хусусии ғайридавлатии “Гулчини маърифат”-и шаҳри Хуҷанд ба даст овард.

altҲамдиёрони азиз!
Падарони шуҷою шарафманд!
Фарорасии 71-умин солгарди Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватаниро барои ҳар яки Шумо муборакбод мегӯям. Ба кулли мардуми диёри офтобиамон осмони софу беғубор, тани сиҳату хотири ҷамъ, ба падарони матину қаҳрамон давлати пирӣ таманно мекунам.
Ҳафтоду як сол муқаддам дар ҳамин гуна рӯзҳои баҳорон хабари  маҳви фашизми гитлерӣ, анҷоми музаффаронаи Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва муҷдаи Зафар дар рӯи олам танинандоз гардид. Ин ҷанги мудҳиштарин дар таърихи инсоният 1418 шабонарӯз давом карда, дуду оташи он садҳову ҳазорон шаҳру деҳаҳоро ба хок яксон намуда, ҳаёти 27 миллион нафар мардумони шӯравиро ба комаш фурӯ бурд.

Муҳассилини Литсей Тоҷикистонро муаррифӣ менамояндТолибилмони муассисаи давлатии таълимии «Литсей барои хонандагони болаёқат» дар шаҳри Хуҷанд пайваста дар озмунҳо ва олимпиадаҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ ба гирифтани маыомҳои ифтихорӣ мушарраф мегарданд. Дар Олимпиадаи ҷумҳуриявӣ хонандагони синфи 11-ум Мунзифахон Бобокалоновааз фанни забони англисӣ сазовори ҷойи II (омӯзгор-Рӯзибоев Тоҳир), Муҳиддин Сироҷиддинов аз фанни риёзӣ сазовори ҷойи II(омӯзгор-Ҳикматулло Саидзода) ва Зоҳидов Манучеҳр аз фанни забони русӣ сазовори ҷойи III (омӯзгор-Ҳомидова Гавҳархон) гардиданд.
Моҳи марти соли 2016 дар давлати Тайван Олимпиадаи байналмиллалии “IMAS” аз фанни риёзӣ баргузор гардид, ки дар он зиёда аз 180 нафар хонандагони синфи 7-ум ва 230 нафар хонандагони синфи 8-ум ширкат варзиданд. Хонандаи синфи 8-ум Насим Ҳакимов сазовори ҷойи II, хонандагони синфи 7-ум Донёрбек Абдураҳимов ва Махкамҷон Раупов сазовори ҷойи III-юм (омӯзгор-Тулаганов Салим) гардиданд.

Боздид аз муассисаҳои тиббии шаҳрРаиси шаҳри Хуҷанд Шарифзода Шариф Файз барои огоҳӣ пайдо кардан аз вазъи беморхонаҳову марказҳои саломатии дар шаҳр амалкунанда ба як қатор муассисаҳои тиббӣ омада, бо кормандону табобатгирандагон мулоқот анҷом дод.
Дар Беморхонаи клиникавии сироятии шаҳри Хуxанд Шарифзода Шариф Файзро духтурону ҳамширагони шафқат хуш пазируфтанд. Раиси шаҳр бо кормандони беморхона сeҳбат ороста, оид ба моҳияти эълон шудани «Соли 2016-Соли фарди солим», иҷрои бандҳои Барномаҳои давлатӣ оид ба ҳифзи сиҳатии омма ва ҳамчунин, аз вазъи хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ сухан кард.  Сардухтури беморхона Баҳодур Мӯъминов иттилоъ дод, ки дар беморхонаи мазкур 216 нафар кормандон фаъолият дошта, аз ин шумор 19 духтур, 80 ҳамшираи тиб, 80 корманди миёнаи тиб ва ҳамчунин, кормандони ҳамкор мебошанд. Беморхона дорои 5 шӯъба, шӯъбаи эҳё, қабул ва ташхисгоҳ буда, дар онҳо 270 кати муолиxавӣ гузошта шудааст.

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1-уми августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишкадаи поли...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...