Навгонӣ

Мусобиқаи бокс байни наврасон оғоз гардидДар доираи таҷлили Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар «Қасри варзиш»-шаҳри Хуҷанд мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба бокс байни наврасони соли таваллудашон 2000-2004 бахшида ба гиромидошти Устоди варзиши Иттиҳоди шӯравӣ Ӯктам Тошматов оғоз гардид.
Дар расми ифтитоҳи мусобиқа мудири Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳр Бахтиёрҷон Исматҷонов Омири кулли маҷмааи фарҳангии «Қалъаи Хуҷанд» Иброҳим Иброҳимов, сармураббии вилояти Суғд оид ба бокс Баҳром Усмонов, собиқадорону устодони варзиш ва беш аз 500 нафар мухлисони бокс иштирок доштанд.

Ба хонандагон доири туризми дохилӣ маълумот дода шудДар доираи чорабиниҳои «20 рӯзи ҷавонӣ» ва бахшида ба таҷлили Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд таҳти унвони «Ҷавонон-пайрави Пешвои миллат ва муҳофизони дастовардҳои 25 соли Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон!» ва тибқи дастури Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри огоҳонидани мафҳум ва моҳияти соҳаи туризм, рушди туризми дохилӣ аз ҷумла туризми мактабӣ силсила презентатсияҳо дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, Литсей ва Гимназияиҳои шаҳри Хуҷанд аз санаи 13 майи соли равон оғоз гардид.
Презентатсия дар ҳамкорӣ бо ширкати сайёҳии «Согдинана трейд» доир гардида, мақсад аз он интихоби дурусти касб ва дарёфти роҳбаладони ҷавон мебошад.
Нахустин презентатсия дар гимназияи №4 баргузор гардид, ки дар он беш аз 120 нафар ҷавонони синфҳои болоӣ иштирок намуда оид ба туризми дохилӣ ва туризми мактабӣ маълумотҳои муфассал дода шуданд.

Таҷлили Иди Ғалаба дар қисми низомии 3501Бахшида ба 71 –умин солгарди Ғалабаи мардуми шӯравӣ дар ҷанги дуюми ҷаҳонӣ дар маркази вилоят силсилаи чорабиниҳо баргузор мегардад. Дар қисми низомии 3501 Қӯшунҳои Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии идона баргузор гардид.
Дар ин чорабинӣ иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳри Хуҷанд Шарифзода Шариф Файз иштирок намуда тамоми хизматчиёни ҳарбӣ афсарону сарбозони ин қисми низомиро бо Иди Зафар муборакбод намуд.
Баъди қисмати тантанавӣ дар назди иштирокдорони чорабинии идона ҳайати сарбозони ин қисми низомӣ, намунаи муҳорибаи тан ба тан, маҳорати гашти низомӣ қадамзанӣ ва дигар маҳорати ҷангии худро намоиш доданд.
Раиси шаҳри Хуҷанд дар баробари иштирок дар чорабинии  идона аз шароити хизмат ва вазъи иҷтимоии сарбозон ошно гардид. Номбурда аз хобгоҳ, ошхона, ҳуҷраҳои дамгирӣ ва маишӣ дидан намуд.

Хонандагон бо ҳаёти сарбозӣ ошно гаштанд.Дар доираи баргузории чорабиниҳои «20 рӯзи ҷавонӣ» ва таҷлили Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд таҳти унвони «Ҷавонон–пайрави Пешвои миллат ва муҳофизони дастовардҳои 25 соли Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон!» имрӯз дар қисми низомии 3501 Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Рӯзи дарҳои кушод» баргузор гардид.
Дар он бештар аз 500 нафар хонандагони синфҳои болои мактабҳои шаҳр ҷавонписарони сини даъватӣ ширкат намуданд.
Дар оғози ин чорабинӣ сарбозону афсарон ва хонандагонро муовини Раиси шаҳри Хуҷанд Умедахон Муродӣ ва сардори ин қисми низомӣ Умарзода Эргаш Насриддин бо баргузории рӯзҳои ҷавонон табрик намуданд.
Зикр гардид, ки мақсади баргузории ин чорабинӣ беш аз ҳама барои ошноии ҷавонписарон бо ҳаёти сарбозон, тарбияю таҳкими ҳисси ватандӯстӣ ва шавқи хизмати ҳарбӣ арзёбӣ мегардад.

Роҳбарияти вилоят ва шаҳри Хуҷанд хотири шаҳидони Ҷанги Бузурги Ватаниро пос доштанд.Бахшида ба 71-умин солгарди Иди Ғалаба бар фашизми гитлерӣ имрӯз дар пояи маҷмаи ёдгории шаҳидони Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҳамоиши иштирокдорони ин ҷанг ва собиқадорони меҳнат баргузор гардид. Соати 09:00 Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ ва Раиси шаҳри Хуҷанд Шарифзода Шариф Файз ҳамроҳи муовинон ва роҳбарони воҳидҳои сохторӣ, собиқадорони ҷангу меҳнат ва роҳбарони консулгариҳои Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Қазоқистон ва намояндигарии Ҷумҳурии Қирғизистон дар шаҳри Хуҷанд назди пояи ин муҷассама гулчанбар гузоштаа хотираи шаҳидони ин ҷанги даҳшатбори асри XI-ро пос доштанд.
Ҳамчунин имрӯз тамоми корхонаю ташкилотҳо низ дар назди муҷассамаҳои хоиравӣ ва пайкараҳои қаҳрамонони ин ҷанг гулчанбар гузошта, барои эҳтироми онҳо сари таъзим фуруд оварданд.

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1-уми августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишкадаи поли...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...