Навгонӣ

Роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳри Хуҷанд таин гардид

Бо Қарори Раиси шаҳри Хуҷанд Шарифзода Шариф Файз аз санаи 18 майи соли равон Каримов Толиб Бобоевич Роҳбари дастгоҳии Раиси шаҳри Хуҷанд таин гардид.
Каримов Толиб Бобоевич санаи 1 августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст.
Соҳиби маълумоти олӣ буда, соли 1994 Донишгоҳи политехникии шаҳри Хуҷандро бо ихтисоси муҳандиси мошинаҳои дӯзандагӣ хатм намудааст.
Толиб Каримов фаъолияти меҳнатиашро соли 1985 аз шогирди устои шӯъбаи асосии механикии фабрикаи дӯзандагии ба номи Н.К.Крупская оғоз намудааст. Солҳои 1986-1988 дар сафи Қӯшунҳои мусаллаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ хизмат намудааст. Пас аз хизмат фаъолияти меҳнатиашро дар ҳамон фабрикаи дӯзандагии ба номи Н.К.Крупская давом дода, соли 1989 ба вазифаи ҷонишини озоди кумитаи комсомолии фабрикаи дӯзандагӣ тайин гардид.

Аёдати ҷавонони ниёзманд.Силсилаи чорабиниҳои мухталиф дар асоси нақша чорабиниҳои «20 рӯзи ҷавонӣ» ва таҷлили Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд таҳти унвони «Ҷавонон – пайрави Пешвои миллат ва муҳофизони дастовардҳои 25 соли Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон!» дар маркази вилоят шаҳри Хуҷанд идома дорад. Имрӯз роҳбарияту кормандони Бахши ҷавонон варзиш ва сайёҳии шаҳри Хуҷанд ба хонаи 10 нафар ҷавонони ниёзманди шаҳри Хуҷанд,- Улфатой Норматова,Мавзуна Содиқова, Умедҷон Бобоҷонов, Гулҷаҳон Ҳакимова ва чанде дигаронро аёдат намуда, онҳоро бо таҷлили рӯзҳои ҷавонӣ табрик намуданд. Дар баробари ин ба онҳо кӯмаки яквақтаи моддӣ иборат аз маводи ғизо расонда шуд.

Ҳисоботи эҷодии Мактаби рассомии шаҳри ХуҷандДар мактаби рассомии бачагонаи шаҳри Хуҷанд мавсими таҳсил ба анҷомрасид. Чун анъана омӯзгорон ҳунармандон ва муҳассилини ин таълимгоҳи фарҳангӣ-ҳунарӣ баъди хатми соли хониши имсола низ чорабинии ҳисоботӣ ва фарҳангию эҷодӣ дар «АРТ- галереяи Сомониён» доир намуданд.
Дар ин намоишгоҳ бештар аз 800 намгӯи маҳсули эҷоди аъзоёни маҳфилҳои амалкунандаи ин мактаб рассомии бачагонаи шаҳр гузошта шуда, дар қисмати ифтитоҳии он роҳбарони таълимгоҳ ва муассисаҳои фарҳангии шаҳрро ҳайати омӯзгорон ва ҳунармандони наврас пазироӣ намуданд.
Холо дар ин мактаб 150 хонандагон дар ду баст бо тахсил фаро гирифта шудаанд, ки аз ин таеъдод, ба 32 нафари онхо дар лаҳзаи тантанавӣ шаҳодатномаи хатм супорида шуд.

Дастгирии рушди соҳибкории ҷавонон дар шаҳри Хуҷанд.Ташкилоту муассисаҳои молиявии шаҳри Хуҷанд дар баробари хизматрасонихои молиявӣ ба сокинони кишвар, барои баланд бардоштани маърифати иқтисодӣ ва рушди соҳибкории сокинон ба хусус ҷавонон низ чорабиниҳои омӯзишӣ мегузаронад.
Бо мақсади шиносоии ҷавонону наврасон бо асосҳои  иқтисод, молия ва тиҷорат, ҳамчунин ташаккули малакаи пешвоии ҷавонону наврасони аз 16 то 30 сола дар самти идоракунии молиявӣ, аз ҷониби яке аз ташкилотҳои бонуфуси молиявии кишвар ТАҚХ «ИМОН ИНТЕРНЕШНЛ» марҳилаи дуюми лоиҳаи «Баланд бардоштани имконоти иқтисодӣ ва молиявии ҷавонон дар шароити иқтисоди бозорӣ" оғоз мегардад.
Дар ин марҳила баргузории семинарҳои  омӯзишии  тахассусӣ барои омода намудани тренер-коромуз аз ҳисоби ҷавонони шаҳри Хуҷанд, ки соҳиби касбу кори гуногун ва ё донишҷӯянд пешбинӣ гаштааст.

«Шоҳмот барои таҳкими нерӯи зеҳнӣ ва пешгирии ифротгароӣ»Дар маркази вилоят шаҳри Хуҷанд мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба шоҳмот таҳти унвони «Шоҳмот барои таҳкими нерӯи зеҳнӣ ва пешгирии ифротгароӣ» ва Аксияи ҷавонон таҳти унвони  «Парчами миллӣ–ифтихори ман аст» баргузор гардид. Ин чорабинӣ тибқи нақша–чорабиниҳои якчояи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Боҳи Камоли Хуҷандӣ доир гашт. Чорабинии мазкур таҳти унвони «Шоҳмот барои таҳкими нерӯи зеҳнӣ ва пешгирии ифротгароӣ» барпо гашта мақсади онро созмондиҳандагон барои баланд бардоштани маърифати ҷавонон ва тарғиби ҳаёти солим арзёбӣ менамоянд. Дар ин мусобиқаи зеҳнӣ сардори Раёсати ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суҳд, генерал-майёри милитсия Назарзода Шариф Раҳмон, муовини раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Амирбекзода Ҳабибулло, муовини аввали сардори Раёсати ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суҳд полковники милитсия Ваҳобзода Баҳодур ва мудири Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Хуҷанд Бахтиёр Исматҷонов  ширкат намуданд. Ин мусобиқаи бештар аз 3000 нафар дӯстдорону тамошобинони ин намуди мусобиқаро ҷамъ намуда он ба як чорабинии пуршукӯҳи ҷавонон табдил ёфт Барои ба даст овардани ғолибият зиеда аз 260 нафар шоҳмотбозон ва 82 нафар шашкабозонро ба ҳам овард.

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1-уми августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишкадаи поли...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...