Навгонӣ

Вохӯрӣ бо раиси Кумитаи бонувони ҷумҳурДар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд вохӯрии бонувони фаъоли шаҳри Хуҷанд бо раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Қосимзода Идигул Тағо баргузор гардид, ки дар он  сардори Раёсати кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Нодира Мирзозода иштирок дошт.
Муовини Раиси шаҳр Бурҳонзода Умеда Муродӣ вохӯриро бо сухани ифтитоҳӣ  оғоз бахшида, изҳор дошт, ки тибқи нақшаи Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти раиси кумита бо бонувони шаҳри Хуҷанд доир мегардад ва меҳмони олиқадрро ба Хуҷанди бостонӣ хайрамақдам гуфта, риштаи суханро ба Идигул Қосимзода дод.
Мавсуф аз пазироии гарми сокинони Хуҷандшаҳр изҳори сипос намуда, хушҳолӣ кард, ки  чеҳраҳои намоёну шинохтаи ҷумҳуриро дар ин толор мебинад.

Дурнамои макроиқтисодӣ ва ҷойгиркунии оқилонаи қувваҳои истеҳсолкунандаДар Донишкадаи иқтисод ва савдои ДДТТ бо иштироки ҳайати васеи меҳмонони олиқадр, профессорон, омӯзгорон ва донишҷӯён конфронси байналмилалии илмӣ-амалӣ бахшида ба 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи “Дурнамои макроиқтисодӣ ва ҷойгиркунии оқилонаи қувваҳои истеҳсолкунанда” баргузор гардид.
Директори Донишкадаи иқтисод ва савдои ДДТТ д.и.и., профессор Инъомҷон Аминов ба кори конфронс ҳусни оғоз бахшида, меҳмонони арҷманд ва аҳли нишастро ба донишкада хайрамақдам гуфт. Муовини Раиси вилояти Суғд Назира Ғаффорӣ зимни суханронии хеш меҳмонони аз хориҷи кишвар ташрифовардаро ба Суғди бостонӣ шодбош гуфт ва имкониятҳои иқтисодиву тиҷоратии вилоятро тавассути намоишномаи таҳияшуда дар баромади хеш манзури ҳозирин намуд.

Шарифзода Шариф Файз раиси Шӯрои ҷамъиятии шаҳр интихоб гардид.

Имрӯз ҷаласаи навбатии Шӯрои ҷамъитии шаҳри Хуҷанд баргузор гардид.
Кори ҷаласаро муовини Раиси шаҳри Хуҷанд, муовини Раиси Шӯрои ҷамъиятӣ Умеда Муродӣ оғоз намуда ба ҳозирон иттилоъ дод, ки аз 14 нафар аъзоёни Шӯро 13 нафар нафар иштирок доранд.
Аъзоён масъалаҳои барои баррасӣ пешниҳод намударо иборат аз се банд,- тасдиқи ваколати аъзои Шӯрои ҷамъиятӣ, ки намояндаи худро дар Шӯрои ҷамъиятӣ иваз намудаанд, рафти иҷрои Қарори Раиси шаҳри Хуҷанд аз 27.01.2015, №78 «Дар бораи амалӣ намудани нақша-чорабиниҳои «Барномаи рушди туризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи солҳои 2015-2017» ва татбиқи Барномаи вилоятии «Соли 2016-Соли маҳалла, деҳа ва шаҳраки обод» дар маҳаллаҳои шаҳр баррасӣ намуданд.

Шариф Шарифзода Файз раиси Шӯрои шаҳрии Ҳаракати ҷамъиятии Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон интихоб шудДар Маркази фарҳанги шаҳри Хуҷанд ҷаласаи навбатии Шӯрои шаҳри Хуҷандии Ҳаракати ҷамъиятии Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон баргузор гардид.
Кори он таҳти рёсати муовини раиси шаҳр Муродӣ Умедахон Бурҳонзода гузашт. Мавсуф қабл аз оғози ҷаласа ҳозиринро аз фавти ходими давлатию ҷамъиятӣ, нахуст президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Қаҳҳор Махкамов дар синни 84 солгӣ хабардор карда, таклиф намуд, ки хотираи некаш бо лаҳзае оромӣ пос дошта шавад.
Нахуст масъалаи ташкилӣ баррасӣ шуд. Раиси Шӯрои шаҳрӣ Раҷаббой Аҳмадзода бинобар гузаштан ба кори дигар аз вазифаи раиси Шӯрои шаҳрии Ҳаракати ҷамъиятии Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон озод ва ба ҷойи ӯ Раиси шаҳри Хуҷанд Шариф Шарифзода Файз бо як овоз интихоб шуд.

Машварати кории Раиси шаҳрСубҳи имрӯз Раиси шаҳри Хуҷанд Шариф Шарифзода  бо иштироки муовинони худ, сардорони шӯъбаҳо, роҳбарони сохторҳои МИҲД шаҳр ва раисони кумитаҳои маҳаллаҳои шаҳр машварати корӣ доир намуд.
Дар рафти он иҷрои дастуру супоришҳои Раиси шаҳр аз рӯи нишондиҳандаҳои иҷтимоию иқтисодии шаҳр дар семоҳаи авали соли равон мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Раиси шаҳр Шариф Шарифзода нахуст аз муовини худ оид ба саноат Солизода Раҳим Рашидӣ оид ба истифода додани 20 корхонаи нав ба истиқболи 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон пурсон шуд. Маълум гардид, то имрӯз ҳамагӣ 7 корхонаи нав ба фаъолият шурӯъ карда, то рӯзҳои ҷашн бояд боз 13 адад коргоҳҳои нав ба фаъолият оғоз  намоянд. Шариф Шарифзода ёдовар шуд, ки то рӯзи ҷашн моҳҳои башумор боқӣ мондаанд, ки вақтро бояд ғанимат шуморид.

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1-уми августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишкадаи поли...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...