Навгонӣ

altБаъди боздид аз Регистон автобуси мо 30 километр берун аз шаҳри Самарқанд ба тарафи шимол ҳаракат намуда, ба мавзеъи Мақбараи яке аз олимони шинохтаи олами Ислом Имом Ал Бухорӣ расида омад. Мақбараи Имом ал-Бухорӣ дар ҷойгоҳи Хоҷа Исмоил ҷойгир шуда буд.
Бо дастури роҳбарияти сиёсии олии кишвари ҳамсоя дар шафати ин мақбара муассисаи тадқиқотии бузурги омўзиши дини мубини ислом сохта шуда истодааст, ки он бо мақсади илман исбот намудани ин дини оламшумул роҳандозӣ карда мешавад.
Чун ба ҳудуди мақбаи Имом ал Бухорӣ ворид шудем, роҳбалади мо Фарҳод Исматов гуфт, ки Абуабдуллоҳ Муҳаммад ибни Исмоил ибни Иброҳим ибни Муғира ибни Бардизбеҳ. Форс. Дар оилаи муҳиҷир аз Форс таваллуд шудааст, бобокалонаш (ал-Муғира) исломро «аз дасти» ҳокими Бухоров Яман ал-Ҷуфи Бухорӣ қабул кардааст.

altНимаи дуюми рӯзи 16 май сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Беларус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом ёфта, Александр Лукашенко аз шаҳри Душанбе ба шаҳри Минск баргашт.

Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе меҳмони олиқадрро бо нишони эҳтирому самимияти баланд ва бо расму оини аҷдодии хоси меҳмоннавозии тоҷикон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гусел намуданд.

Ёдовар мешавем, ки Президенти Ҷумҳурии Беларус бо ҳайати бонуфузи расмии кишвараш рӯзҳои 14 то 16 май бо сафари расмӣ дар Тоҷикистон қарор доштанд.

altИмрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко дар шаҳри Ҳисор марҳилаи аввали корхонаи муштараки Тоҷикистону Беларус – Ҷамъияти саҳҳомии пӯшидаи «Агротехсервис», ки дар он асосан васлу насби трактор ва таҷҳизоти соҳаи кишоварзӣ анҷом дода мешавад, мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Корхонаи васлу насби трактор, ки бо иқдоми бевоситаи Сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Беларус таъсис дода шудааст, қадами устувор ва оғози боварибахши тақвияти муносибатҳои дуҷонибаи саноатии ду кишвари ба ҳам дӯст мебошад.

altРӯзи 16 май Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Александр Лукашенко дар доираи сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Беларус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мавзеъҳои зебову нотакрори кишвари биҳиштосоямонро дар ноҳияи Варзоб тамошо карданд.

Боздиди сарони давлатҳо аз бӯстонсаройи беруназшаҳрии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Варзоб оғоз ёфта, дар мавзеи Такоби ҳамин ноҳия идома ёфт.

Аз рӯзи нахустини сафари расмӣ ба Тоҷикистон Александр Лукашенко бо эҳсоси баланд дар бораи ба табиати зебои Тоҷикистон ва таъомҳои миллию меҳмондории тоҷикӣ шефта будани худро иброз дошт ва ҳамин буд, ки имрӯз бо ҳамроҳии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон манзараҳои нотакрор, боғи пур аз гулу дарахтони нодири Бӯстонсарои беруназшаҳрии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар баҳори пурнакҳату пуртароват тамошо карданд.

altНимаи дуюми рӯзи 15-уми майи соли равон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко дар ифтитоҳи Намоишгоҳи молу маҳсулоти Ҷумҳурии Беларус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд.

Намоишгоҳ баъди буридани лентаи рамзӣ аз ҷониби Сарони давлатҳо - Эмомалӣ Раҳмон ва Александр Лукашенко ифтитоҳ гардида, ба фаъолият шуруъ кард.

Дар намоишгоҳ наздики 150 корхонаю ширкати бонуфузи Ҷумҳурии Беларус номгӯи зиёди молу маҳсулот, аз қабили масолеҳи сохтмонӣ, молҳои соҳаи электротехникӣ, кимиё ва нуриҳои минералӣ, фармасевтӣ, саноати хӯрокворӣ, саноати сабук, мебел ва коркарди чӯб, полиграфӣ, молҳои саноатӣ ва электротехникии маишӣ, илм ва технология, саноати мошинсозӣ, техника ва таҷҳизоти соҳаи кишоварзиро ба маъраз гузоштаанд.

?>

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...
Шосаидов С. С. Шосаидов С. С. Шосаидов Саидакбар Саидқурбонович 10-уми октябри соли 1993 дар шаҳри Бўстон таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ мебошад. Баъди ха...