Навгонӣ

Мулоқот бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Мавритания Исилку валади Аҳмад ИзидбеҳДар Кохи Сомон ҳамчунин Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Мавритания Исилку валади Аҳмад Изидбеҳро, ки кишварашро дар иҷлосияи дуюми Форуми иқтисод ва ҳамкории арабӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон роҳбарӣ дошт, барои мулоқот ба ҳузур пазируфтанд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қитъаи Африкаро самти дорои дурнамои нек барои ҳамкории мутақобилан судманд дар соҳаҳои гуногун арзёбӣ карданд ва омодагии Тоҷикистонро барои рушду тавсеаи робитаҳои дуҷониба бо кишварҳои он, бахусус бо Ҷумҳурии Исломии Мавритания изҳор доштанд.

Мулоқот бо Вазири ҳифзи иҷтимоӣ, меҳнат, рушд ва банақшагирӣ ва Вазири давлатӣ оид ба масъалаҳои иқтисодии Давлати Кувайт Ҳинд Ас-СабиҳАсосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат,Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин Вазири ҳифзи иҷтимоӣ, меҳнат, рушд ва банақшагирӣ ва Вазири давлатӣ оид ба масъалаҳои иқтисодии Давлати Кувайт Ҳинд Ас-Сабиҳро ба ҳузур пазируфтанд.

Сарвари давлат равобити неки Тоҷикистон ва Кувайтро нишони таваҷҷуҳи хоссаи сарони ду кишвари дӯст арзёбӣ карда, изҳори умедворӣ намуданд, ки муносибатҳои байнидавлатӣ дар оянда низ дар асоси манфиатҳои дуҷониба рушду тавсеаи бештар меёбанд.

Мулоқот бо Вазири давлатӣ оид ба корҳои хориҷии Шоҳигарии Арабистони Саудӣ Низор МаданиАсосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Вазири давлатӣ оид ба корҳои хориҷии Шоҳигарии Арабистони Саудӣ Низор Маданиро ба ҳузур пазируфтанд.

Дар мулоқот ҷонибҳо аз таҳкиму густариш ёфтани муносибатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шоҳигарии Арабистони Саудӣ изҳори қаноатмандӣ намуданд.

Таъкид шуд, ки Тоҷикистону Арабистони Саудӣ имконият доранд, ки ҳамкории ҳамаҷонибаро дар бахшҳои иқтисоду тиҷорат, сармоягузорӣ, кишоварзӣ, зерсохторҳои нақлиётию энергетикӣ, аз ҷумла дар татбиқи лоиҳаҳои дорои аҳамияти минтақавӣ ва маориф ба роҳ монда, нақши Комиссияи байниҳукуматии муштарак оид ба ҳамкории иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва илмию техникиро дар татбиқи ин ҳадафҳо фаъолтар гардонанд.

Мулоқот бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ҷибутӣ Маҳмуд Алӣ ЮсуфДирӯз дар Кохи Сомон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ҷибутӣ Маҳмуд Алӣ Юсуф мулоқот намуданд.

Муносибатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кишварҳои қитъаи Африка дар соҳаҳои гуногун дорои дурнамои нек арзёбӣ гардид ва дар ин росто ҳавасмандии ҷониби Тоҷикистон ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамкориҳои комили дуҷониба бо тамоми кишварҳои ин минтақа таъкид карда шуд.

Ҷонибҳо барои роҳандозии робитаҳои тиҷоратию иқтисодӣ, фарҳангии байнидавлатӣ ва тамосҳои корӣ байни мақомоти амниятии ду давлат фикру мулоҳизаҳои судманд баён намуданд.

Мулоқот бо Вазири иқтисоди Амороти Муттаҳидаи Араб Султон ибн Саид ал МансуриДирӯз ҳамчунин Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Вазири иқтисоди Амороти Муттаҳидаи Араб Султон ибн Саид ал Мансуриро ба ҳузур пазируфтанд.

Амороти Муттаҳидаи Араб шарики муҳим ва боэътимоди Тоҷикистон дар Осиё ва соли 2017 ҳамчун соли рушди ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Амороти Муттаҳидаи Араб арзёбӣ карда шуд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҳукумати Аморот бароидастгирӣ ва кумакҳои беғаразона ҷиҳати бартарафсозии офатҳои табиӣ дар Тоҷикистон арзи сипос намуданд ва ҳавасмандии ҷониби Тоҷикистонро ҷиҳати рушду тавсеаи бештари ҳамкориҳои байнидавлатӣ дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат ва сармоягузорӣ таъкид доштанд.

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1-уми августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишкадаи поли...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...