Навгонӣ

Дориюшу Парвина шоҳмотбозони беҳтарин муайян шуданд

Имрӯз тибқи нақшаи якчояи бахши кор бо ҷавонон ва варзиш ва шуъбаи маорифи шаҳри Хуҷанд дар толори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ №5-и шаҳр мусобиқаи варзишӣ оид ба шоҳмот байни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, литсей ва гимназияҳои маркази вилояти Суғд бахшида ба соли эълон шудани 2017 – Соли ҷавонон ва 25-солагии Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар мусобиқаи мазкур аз 35 муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, литсей ва гимназияҳо 22 нафар духтарон ва 34 нафар писарон иштирок намуданд. Дар натиҷа байни писарон ҷои аввал насиби Дориюш Усмонов хонандаи гимназияи ба номи Гёте, ҷои дуюм Соҳил Мансуров хонандаи МТМУ №16 ва ҷои сеюм Эзос Абдувоҳидов талабаи МТМУ № 26 шуд.

«Мактаби сарварӣ» занони роҳбарро омода менамоядДар толори хурди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд машғулияти нахустини курси семоҳаи “Мактаби сарварӣ” баргузор гардид.
Ба омӯзандагони курси мазкур сармутахассиси шӯъбаи ташкилии Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Мадина Бобоиён, сардори Раёсати кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Нигора Ғаффорзода, Шаҳрванди фахрии шаҳри Хуҷанд Биҳоҷал Раҳимова ва фаъолзани аъзои шӯрои шӯъбаи кор бо занон ва оила Ҳамроҳ Атаева ва Мукаррама Негматова дар мавзуъҳои мухталиф, аз ҷумла сифатҳои зан-роҳбар, омода шудан ба мақоми роҳбарӣ, таҳаммулпазирӣ, қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи мақоми зан, рисолати хизматчии давлатӣ ва ғайраҳо маърӯза намуданд.

«Гулбаҳор» Ҷоми баскетболро гирифт

Тибқи нақшаи чорабиниҳои бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Хуҷанд ва бо мақсади тарғибу ташвиқи намуди варзиши баскетбол байни омма, мустаҳкам намудани алоқаи дӯстӣ байни ҷавонон, баланд бардоштани маҳорати варзишӣ, муайян ва интихоби дастаи варзишгарони беҳтарин аз санаҳои 10 то 17 октябри соли 2017 дар толори варзишии Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техники Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ мусобиқаи кушоди шаҳри Хуҷанд оид ба баскетбол байни маҳаллаҳо бахшида ба 25-солагии Иҷлосияи ХVI – уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва соли 2017 «Соли ҷавонон» баргузор гардид.
Дар мусобиқаи мазкур 8 даста иштирок намуда ва дар натиҷа ҷои якум насиби дастаи «Гулбаҳор», ҷои дуюм дастаи «Чорчароғ» ва ҷои сеюм  дастаи «Истаравшан» гардиданд.

(1 овоз, миёна 1.00 аз 5)

Мақоми сеюми Хуҷанд дар озмуни ҷумҳуриявии «Офарин»

Дар истироҳатгоҳи беруназшаҳрии «Шоҳин»-и шаҳри Гулистон даври ниҳоии мусобиқаи ҷумҳуриявии «Офарин» байни дастаҳои муассисаҳои таълимии ҷумҳурӣ баргузор гардид. Аз шаҳри Хуҷанд дар ин мусобиқа ғолиби давраи шаҳрии дастаи толибилмони МТМУ№ 22 иштирок карданд.
Ҳамин тавр зимни натиҷагирии озмуни ҷумҳуриявӣ толибилмони ноҳияи Мастчоҳ мақоми аввал, шаҳри Регар ҷойи дуюм ва дастаи шаҳри Хуҷанд ҷойи сеюмро ишғол намуданд.

Дастовардҳо афзун, вале самаранокиву фаъолнокии бештар мебоядСубҳи имрӯз дар Маркази фарҳанг маҷлиси фаъолони шаҳри Хуҷанд доир ба натиҷаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии шаҳр дар нӯҳ моҳи соли 2017 бо иштироки роҳбарони сохторҳо, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, раисони кумитаи маҳаллаҳо, сарварони макотиби таҳсилоти ҳамагонӣ, миёнаи махсус ва олӣ ва намояндагони ВАО баргузор гардид. Ҷаласаро Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода ифтитоҳ намуда, ҳозиринро бо рӯзномаи он ошно намуд.
Сипас, муовини Раиси шаҳри Хуҷанд Раъно Ҳошимзода доир ба натиҷаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии шаҳри Хуҷанд дар нӯҳ моҳи соли 2017 иттилоъ дода аз ҷумла афзуд, ки “Дар давоми нуҳ моҳи соли ҷорӣ, новобаста аз таъсири манфии омилҳои беруна, корхонаҳои саноатии шаҳр, мутобиқ ба шароити нави иқтисодии бозорӣ ва пайдошавии рақобати озод дар бозорҳо, дар ҷанбаҳои мухталиф фаъолият бурдаанд, ки дар натиҷа шумораи умумии корхонаҳои калону миёнаи саноатӣ ба 155 адад расид.

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1-уми августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишкадаи поли...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...