Навгонӣ

altҲамватанони азиз!
Ҳозирини гиромӣ!

Мулоқоти мо ба муносибати ифтитоҳи боз як корхонаи бузурги саноатии мамлакат дар рӯзҳои таҷлили 25 - солагии баргузории Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Тоҷикистон, ки дар таърихи давлати ҷавони тоҷикон нақши сарнавиштсоз дорад, баргузор мегардад.

Бо истифода аз фурсати муносиб, кулли сокинони вилояти Суғд ва шумо, ҳозирини арҷмандро ба ифтихори ин санаи фархунда ва ба фаъолият оғоз кардани корхонаи навбунёди металлургӣ самимона табрик намуда, ба ҳар яки шумо рӯзгори босаодат орзу менамоям.

Инчунин, ба сармоягузорон, мутахассисону сохтмончиён, аз ҷумла ба роҳбарияти "Ширкати кӯҳиву саноатии Тоҷикистону Хитой", ки дар бунёди ин корхонаи азими саноатӣ саҳм гузоштаанд, миннатдорӣ баён намуда, ба ҳамаи шумо саломативу барори кор мехоҳам.

altСафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вилояти Суғд аз шаҳри Истиқлол оғоз гардид.

Дар рӯзҳои таҷлил аз 25-умин солгарди Иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олии Тоҷикистон дар шаҳри Истиқлол бо иштироки Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Корхонаи металлургии Ширкати саноати кӯҳии Тоҷикистону Хитой, ки бо харҷи 57 миллион доллари амрикоӣ сохта шудааст, мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

101 саволу ҷавоб аз Паёми Пешвои миллатБа муносибати 25 солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд аз тарафи устодони ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Хайрулло Сабуров ва Маъмур Юсуфов китоби раҳнамо таҳти унвони «101 саволу ҷавоб аз Паёми Пешвои миллат» ба табъ расид.
Китоби мазкур иқдоми нахустин ва барҷаста дар самти иҷрои дастуру супоришҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри боз ҳам амиқу дақиқ омӯхтани Паёми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти мамлакат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ буда, ба доираи васеъи хонандагон, хусусан донишҷӯёну муҳаққиқон ва олимону омӯзгорон пешбинӣ гардидааст.

Субҳи имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади иштирок дар тантанаҳои идонаи ҷашни 25 - умин солгарди Иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ифтитоҳи як қатор иншооти муҳим ва суҳбату мулоқот бо мардум бо сафари корӣ ба вилояти Суғд ташриф оварданд.

Роҳбарият ва намояндагони ҷавонони вилояти Суғд Сарвари хирадманди тоҷикон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд бо сарбаландӣ истиқбол гирифтанд.

Ёдовар мешавем, ки ҳануз 25 сол қабл дар Иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳури Тоҷикистон, ки аз 16-уми ноябр то 2-юми декабр дар Қасри маданияти ба номи Саидхӯҷа Ӯрунхӯҷаев маъруф ба Қасри Арбоб баргузор гардида буд, бо иродаи кулли депутатҳои Шӯрои Олӣ Эмомалӣ Раҳмон, сиёсатмадори оқилу хирадманд Раиси Шӯрои Олии Тоҷикистон - Сарвари давлати тоҷикон интихоб гардид.

Хуҷанд: Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи ПрезидентДар «Маркази фарҳанг»-и шаҳри Хуҷанд конфронси илмӣ-амалии шаҳрӣ таҳти унвони «Нақш ва аҳамияти Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳкими сулҳ ва ваҳдати миллӣ» бахшида ба 25 солагии Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода доир ба «Нақши Эмомалӣ Раҳмон дар ташаккули давлатдории навини тоҷикон» баромад намуда, аз ҷумла афзуд, ки «Муҳимтарин  дастоварди бузурги Иҷлосияи таърихӣ интихоби Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун фарзанди бонангу номус ва вафодори миллат, далеру шуҷоъ, покзамиру нексиришт ва ҳуввияти баланди миллидошта ба ҳайси Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад. Роҳбари Давлат дар ҳоле зимоми ҳокимиятро ба даст гирифтанд, ки халқи тоҷик дар  ҳолати яъсу ноумедӣ қарор дошта, умед ба сӯи фардои ҳаёт норавшан буд.

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1-уми августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишкадаи поли...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...