Навгонӣ

Марафони велосипедронӣ ва Дави миллӣ бахшида ба рӯзи парчами миллӣ

Бо мақсади таҳкими тарзи ҳаёти солим, рушду инкишофи соҳаи варзиш ва оммавияти он байни аҳолӣ бахшида ба таҷилили бошукуҳи Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва соли 2017 «Соли ҷавонон» дар шаҳри Хуҷанд марафони велосипедронӣ ва дави миллӣ баргузор гардид.
Дар маросими ифтитоҳи чорабинии варзишӣ муовини раиси шаҳри Хуҷанд Аюб Раҳматзода, мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр Бахтиёр Исматҷонов, намояндагони Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилоят иштирок намуда ҳозиринро бо Рӯзи парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз номи Раиси шаҳри Хуҷанд табрик намуданд.
Масофаи муайяншудаи мусобиқа 5.3 км –ро ташкил дода аз назди муҷассамаи Истиқлол то маҳалла 3-юми шаҳр муайян гардида буд.

Иди Парчам дар маҳаллаҳои шаҳрДар остонаи ҷашни Рӯзи парчами миллӣ кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд ба иқдоми наҷибе даст зад. Ба хотири боз ҳам хубтару самимитар таҷлил намудани ин санаи фархунда субҳи имрӯз дар маҳаллаи Масҷиди савр бо иштироки беш аз 400 нафар сокинони маҳалла чорабинии идона ташкил намуд. Саҳни чойхонаи маҳалла идона оро дода шуда,  дар як гӯшаи он бошандагони маҳалла дар озмунии зеҳнии шоҳмот, ки бо иқдоми кумиҷроияи шаҳрӣ рӯи кор омад, маҳорат ва дониши худро санҷиданд. Онсӯтар гурӯҳе аз фаъолзанони маҳалла бо дастурхони идона чорабиниро оро доданд. Занони ҳунарманди маҳалла маҳсули дастранҷи аз матои атласу адрасдӯхтаи худро ба маъраз гузошта буданд.
Меҳмонони чорабинии идона Сарфароз Фаттоҳзода, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд, Ҷамшед Ҷӯразода, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ректори ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров ва раиси кумиҷроияи шаҳрии ҲХДТ Наим Маликисломӣ  аз намунаи дастранҷи аҳли маҳалла ошноӣ пайдо карда, ба ҳунари  дӯзандагиву пазандагии сокинон баҳои баланд доданд.

alt

Ҳамшаҳриёни азиз!
Бо камоли эҳтиром ва самимияти афзун ҳамаи шумоёнро бо санаи барои ҳар яки мо азизу муқаддас-Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз номи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд табрику муборакбод намуда, бароятон саломатӣ, сарбаландӣ ва рӯзгори пурсаодатро орзу менамоям.
Парчами давлатӣ нишони ифтихор ва сарбаландии миллат аст. Ҷумҳурии Тоҷикистон чун давлати соҳибистиқлол дорои Нишон, Суруди миллӣ, Парчам, Конститутсия, забони давлатӣ ва пойтахти худ – шаҳри ҳамешасабзу ҷавон – Душанбе аст, ки гиромидошту эҳтироми он қарзи ҳар як сокини ватандори кишвар аст.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фармони худ аз 20-уми ноябри соли 2009 рӯзи 24-уми ноябрро Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон доштанд.

ДУШАНБЕ, 20.11.2017 /АМИТ «Ховар»/. Ҳанӯз моҳи июли соли ҷорӣ сокини шаҳри Душанбе Ҷомӣ Амиршоев ба АМИТ «Ховар» оид ба рафторҳои ғайриқонунӣ, қаллобӣ, таҳдид ва муносибати ноҷавонмардонаи аъзои ташкилоти террористӣ-экстремистии ҲНИТ ва cозмони ҷиноятии «Гурӯҳи-24» нисбат ба шаҳрвандони Тоҷикистон дар кишварҳои аврупоӣ нақл карда, чеҳраи аслии ин «ватандӯстон»-и қалбакиро фош карда буд (http://khovar.tj/2017/07/om-amirshoev-dar-hori-a-baroi-az-darhosti-pano-andag-dast-kashidanam-na-zati-o-ta-did-ba-onam-kardand/). Дирӯз ба АМИТ «Ховар» Собиршо Ҳасанов, сокини ноҳияи Дарвоз муроҷиат карда, дархост намуд, ки бо ӯ суҳбат анҷом диҳем. Инак, мусоҳиба бо Собиршо Ҳасанов пешкаши хонандагони сомона мегардад.

Дирӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кадрҳоеро, ки ба вазифаҳои масъул дар дастгоҳи марказии Вазорати корҳои хориҷӣ ва роҳбарии ҳайатҳои намояндагии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар як қатор давлатҳои хориҷӣ ва созмону ташкилоти байналмиллалӣ таъин гардиданд, ба ҳузур пазируфтанд.
Бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Насриддинов Исматулло Ҳикматуллоевич муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид. Ҳамчунин, дар мувофиқа бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Консулҳои генералӣ дар шаҳрҳои Москва ва Уфаи Федератсияи Россия, Алмаатои Ҷумҳурии Қазоқистон ва муовини Сардори Департаменти Кумитаи иҷроияи ИДМ (дар шаҳри Мински Ҷумҳурии Беларус) аз ҳисоби мутахассисони ҷавони соҳибтаҷриба ва донандагони зиёда аз ду забони хориҷӣ таъин гардиданд.

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1-уми августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишкадаи поли...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...