Навгонӣ
14 Май 2013
Недоступен ни однин перевод.
Фарорасии Рӯзи байналхалқии оиларо аз номи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ба якояки Шумо таҳният хонда, хоҳони оромиву ободии сарзамини соҳибихтиёр, осудагии рӯзгори шаҳрвандон ва устувории бинои оила ҳастем.
Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд гардидааст, ки «Давлат оиларо ҳамчун асоси ҷамъият ҳимоя ва пуштибонӣ мекунад».
Ҷаноби Олӣ, Президенти кишвар, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо зикр намудаанд: «Солимии ҷомеаро аз тарбияи насли солим бояд донист, ки асоси онро оила мегузорад».
Қабули Барномаҳои давлатӣ оид ба паҳлӯҳои мухталифи ҳаёти ҷомеа, бахусус, оила шаҳодати ғамхории рӯзафзуни давлат ва ҳукумат нисбат ба аҳли ҷамъият маҳсуб мешавад. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр иҷрои саривақтии ин барномаҳоро дар мадди назар гузоштааст.Читать полностью







