Навгонӣ
07 Июль 2013
Ҳар сол 8-уми июл дар миқёси ҷумҳурӣ расман таҷлил гардидани Рӯзи маъюбон ва пиронсолон нишони эҳтиромгузорӣ нисбат ба инсонҳоест, ки бо амри тақдир костагие дар вуҷуди худ доранду бар асари он маъюбанд ва ё рӯзи қадри инсонҳои мӯътабарест, ки беҳтарин рӯзҳои умри хешро сарфи меҳнати пурсамар баҳри ободию рушди кишвари хеш карданд ва имрӯз дар ҳалқаи пайвандону аҳли оила роҳати айёми пирӣ мебинанд.
Дар Тоҷикистони соҳибистиқлол, ки кулли сокинонаш аз азал инсонпарвару мардумдӯстанд ва ҳамдигарро ба накӯкорӣ даъват менамоянд, парастории маъюбон ва пирони барҷомонда амали муқаррарист. Ин масъала дар сатҳи давлатӣ ҳалли мусбати худро меёбад.







