Навгонӣ
30 Июль 2013
Недоступен ни однин перевод.
Хушҳолии табибону беморон
Бо иқдоми наҷиби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, хоса Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Каримов корҳои ободонӣ ва созандагӣ дар шаҳр бо суръат идома доранд.
Ин навбат бо кӯмаку дастгирии ҳамаҷонибаи Раиси шаҳр ва дар асоси дархости маъмурияти Беморхонаи бемориҳои сирояткунандаи вилоят кӯчаи назди беморхона ва ҳудуди он пурра таъмир ва мумфарш карда шуд.
Бо ин ҳадаф наздик 85 тонна асфалт ҷудо ва масоҳати беш аз 750 метри квадратӣ мумфарш гардид.
Танҳо масоҳати асфалтхобонидашуда дар ҳудуди беморхона 250 метри квадратиро ташкил дод. Кӯчаи мошингарду пиёдагард аз гардиш то ба назди кӯдакистон, ки болотари беморхона ҷойгир аст, ба масоҳати 500 метри квадратӣ буд.Читать полностью







