Навгонӣ

Недоступен ни однин перевод.

Бо дасгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва шаҳри Хуҷанд  100 нафар духтурони баландихтисос  ба маркази вилоят  омада, ҳафт  ҷарроҳии мураккаби  ройгонро барои шахсони камбизоат  гузарониданд.

«Корвони саломатӣ» дар беморхонаи клиникавии шаҳрии № 1 аз соати 8-и субҳ  ба қабули сокинони маркази вилоят  оғоз намуд. Дар ин рӯз тамоми хизматрасониҳои тиббӣ  ба аҳолӣ ройгон буда, ҳадаф аз он тарзи ҳаёти солим ва наздик кардани хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ арзёбӣ мешавад.  То имрӯз нисбати 10 нафар шаҳрвандони вилоят ҷарроҳии мураккабро духтурони баландихтисос бо мувафаққият анҷом додаанд. Танҳо дар нимаи аввали руз зиёда аз се ҳазор нафар ба табибони «Корвони саломатӣ»  муроҷиат намуда, кумаки амалии тиббӣ гирифтанд.

Недоступен ни однин перевод.

Дар шаҳри Хуҷанд озмуни аккосӣ таҳти унвони «Нигоҳи ҷавонон» ҷамбаст мегардад.Ба ғолибон туҳфаҳои хотиравии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ва дигар ҳамкорони лоиҳа супорида хоҳад  шуд.Назар ба иттилои манбаъ ғолибон аз рӯи мавзӯи «Чеҳра» «Фото-позитив» «Акси табиат» «Фото-креатив»  «Акси беҳтарин» муайян хоҳанд шуд.Аъзоёни комиссия 64 аксро барои иштирок ва намоиш интихоб намуданд.3 августи соли ҷорӣ  дар Хонаи маданияти № 2 шаҳри Хуҷанд тантанаи супоридани ҷоизахо ба ғолибони ин озмун баргузор мегардад. Назар ба иттилои бахши фарҳанги Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд, дар озмун 19 нафар ҷавон, 170 акси худро дар мавзуъҳои гуногун пешниҳод намуданд.

Недоступен ни однин перевод.

Намоиш фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ дар шаҳри Хуҷанд.

Ба истиқболи Иди Рамазон дар шаҳри Хуҷанд намоиш- фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ  баргузор мегардад. Дар се минтақаи шаҳр –«Ситораҳои Хуҷанд», маҳаллаҳои 20-ум  ва 12-ум   кишоварзони ноҳияҳои Б Ғафуров, Зафаробод, Спитамен, Ғончӣ ва шаҳрҳои Конибодому Истаравшан, маҳсулоти худро барои сокинони маркази вилоят, бо нархи нисбатан аз бозор 20 -25%  арзон пешниҳод хоҳанд кард.

Пешбинӣ мешавад, ки аз ҳар як шаҳру ноҳияҳои номбурда   зиёда аз 40 тоннагӣ маҳсулоти ниёзи мардумро аз қабили орду биринҷ, равған, сабзавоту  меваҷот  ва дигар намуди маҳсулот,  ба фурӯш мебароранд.

Ҳамзамон маҳсулоти ниёзи мардум аз ҳисоби КВД «Захираҳои моддии вилояти Суғд» ва Иттифоқи матлуботи вилоят низ ба мардум пешкаш мегардад.

Недоступен ни однин перевод.

Дар арафаи иди Рамазон Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Каримов собиқадорони меҳнат –шаҳрвандони  фахрии  шаҳри Хуҷандро  ба ҳузур пазируфт.  Дар оғози суҳбат Раиси шаҳр доири дастовардҳо  маълумот дода, қайд  намуд,ки Ҳукумати Ҷумҳурии  Тоҷикистон таҳти роҳбарии Президенти кишвар  Эмомалӣ Раҳмон сиёсати ғамхоронаи худро ҳамеша нисбати собиқадорони меҳнат  ва  шахсони баруманд  амалӣ менамояд.

Мумфарш гардидани роҳҳ ои шаҳри Хуҷанд бо  дастгирии   Раиси вилояти Суғд  Қоҳир Расулзода,  ивази қубурҳои обтаъмикунии маҳаллаҳои маркази вилоят, ба фаъолият шуруъ намудани чанд корхонаҳои саноатӣ ва  рафти   корҳои ободонӣ аз номгуи нопурраи мисолҳои    мушаххасест, ки Мақомоти   иҷроияи ҳокимияти давлатии  шаҳру вилоят  ба сомон расонда истодааст.

Собиқадори меҳнат Биҳоҷал Раҳимова ҳамчунин илова намуд, ки маҳз бо дастгирии Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Каримов Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи супориши иҷтимоӣ» дар намунаи ҳамкории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд бо  И.Ҷ.  «Чашмаи ҳаёт» дар самти омода намудани духтарони маҳаллӣ барои оиладорӣ шоёни таҳсин аст.

Недоступен ни однин перевод.

Қоҳир Расулзода: Роҳҳои мумфаршшударо бояд назорат кардВазъи роҳҳои дохилӣ дар вилоят ва амалӣ намудани чорабиниҳо оид ба беҳтар намудани истифодабарии ин роҳҳо дар маҷлиси кории Раиси вилоят, ки субҳи имрӯз баргузор шуд, мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Дар ҷаласаи корӣ муовинони Раиси вилоят, раисони шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Чкалов, Қайроққум, Бобоҷон Ғафурову Спитамен ва роҳбарони як қатор ташкилоту идораҳои вилоятӣ иштирок доштанд.

Раиси вилоят Қоҳир Расулзода рафти таъмири ҷорӣ ва асосиро дар роҳҳои дохилии вилоят арзёбӣ карда, изҳор дошт, ки сатҳу сифат ва суръати корҳо чандон ба мақсад мувофиқ нест.

Раиси вилоят ҳамзамон таваҷҷӯҳи масъулинро ба масъалаи таъмири роҳҳо дар минтақаҳои алоҳидаи шаҳрҳои Чкалову Хуҷанд ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ҷалб намуд.

?>

Председатель города

Заместители Председателя

Джамшед Набизода Джамшед Набизода Джамшед Набизода. Родился 9 мая 1981 года в городе Худжанде. По национальности таджик. В 2003 году окончил Таджикский университет права, биз...
Хомидзода А.А. Хомидзода А.А. Руководитель аппарата председателя города Хомидзода Абдувахоб Абдумаджид родился 8 июня 1978 года в городе Худжанде. По национальности...
Сангинова М. А. Сангинова М. А. Сангинова Муяссар Абдукахоровна родилась 15 октября 1979 года в городе Худжанде. По национальности таджичка. Имеет высшее образование. В 200...
Гайбуллозода Х. Гайбуллозода Х. Первый заместитель председателя города ХуджандГайбуллозода Хайрулло назначен на данную должность по постановлению Председателя  города ...

Руководители структур

Джураева К. Я. Джураева К. Я. Джураева Кибриё Яхяевна. Родилась 9 сентября 1966 года в Б.Гафуровском районе, по национальности таджичка. Имеет высшее образование. В 1997 ...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Недоступен ни однин перевод.Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов родился 23 октября 1986 года в городе Худжанде в семье служащего. В 1994 году пошел в среднюю школу №18 города Худжанда, ...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Недоступен ни однин перевод.Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, ма...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Недоступен ни однин перевод.Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Недоступен ни однин перевод.Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ...
Каримов А. А. Каримов А. А. Недоступен ни однин перевод.Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумота...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Недоступен ни однин перевод.Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии ти...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Недоступен ни однин перевод.Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ меб...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Недоступен ни однин перевод.Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ т...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Недоступен ни однин перевод.Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ...
Шосаидов С. С. Шосаидов С. С. Недоступен ни однин перевод.Шосаидов Саидакбар Саидқурбонович 10-уми октябри соли 1993 дар шаҳри Бўстон таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Ма...