Навгонӣ
16 Май 2013
Давлат оиларо чун асоси ҷомеа ҳифз ва пуштибонӣ мекунад. Ин аст, ки Мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ нисбат ба пойдории оилаҳо тадбирҳои зарурӣ меандешанд.
Ба ифтихори Рӯзи байналмилалии оила бо ибтикори МИҲД-и шаҳри Хуҷанд таҳти унвони «Хушдомани беҳтарин» маҳфили идона доир гардид. Дар он оилаҳои соҳибэҳтироми шаҳр, ки 40-50 сол зиндагии шоиста ба сар бурдаанд: Марофиевҳо, Дадобоевҳо, Fаниевҳо ва Шарифовҳо иштирок намуданд.
Чун меҳмонони ифтихорӣ ходимони намоёни ҷамъиятиву сиёсӣ Биҳоҷал Раҳимова, Шуҷоат Ҳасанова, Мавлуда Файзуллоева, Муҳаббат Нозимова, Зулфия Раҷабова, Мунаввара Дадобоева низ ба маҳфил даъват шуда буданд.







