Навгонӣ
09 Июнь 2013
Недоступен ни однин перевод.
Дар асоси қарори Ҳукумати ҷумҳурӣ ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» ҳар сол якшанбеи дуюми моҳи июн чун Рӯзи кормандони саноати сабук таҷлил карда мешавад.
Бо дарназардошти он, ки саҳми соҳаи саноат, минҷумла, саноати сабук ва кормандони он дар ғанӣ гардонидани буҷети давлатӣ бузург арзёбӣ мегардад, давлату ҳукумати кишвар ва мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ баҳри рушду такомули соҳа ва дастгириву ғамхорӣ нисбат ба заҳматкашон таваҷҷӯҳи махсус зоҳир менамоянд.
Ба ифтихори Рӯзи кормандони саноати сабук дар толори маҷлисии Федератсияи иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд бо иштироки даҳҳо нафар намояндагони корхонаҳои хурд ва азими саноатӣ ҷамъомади идона доир гардид.Читать полностью







