Навгонӣ
08 Июль 2013
Недоступен ни однин перевод.
Ба ифтихори Рӯзи маъюбон ва пиронсолони Тоҷикистон Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Каримов ба панҷ нафар маъюбони ниёзманд аробачаи маъюбӣ тақдим намуд. Бо ин мақсад Раиси шаҳр ба аёдати сокинони шаҳр, кӯчаи ба номи Хуҷанд, 84 - Муинҷон Ҳомидов, кӯчаи ба номи Сангин Полвон, 12 - Гулида Муҳаммадҷонова, кӯчаи ба номи Пушкин, 54 - Қодир Қайюмов, маҳаллаи Чашмаи арзана, кӯчаи ба номи М.Собирова, 20 - Адиба Ёрматова ва маҳаллаи 12, бинои 30, ҳуҷраи 28 - Собирҷон Қодиров омада, номаи табрики Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ва кӯмаки моддӣ-маҳсулоти ғизоиро расонид.
Читать полностью







