Навгонӣ
20 Июнь 2013
Дар шаҳри Хуҷанд бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин корхонаи Нассоҷи Хуҷанд ифтитоҳ ёфт.
Чунонки зикр гардид, ин корхона дар заминаи корхонаи кӯҳнаю фарсудашудаи комбинати абрешими шаҳри Хуҳанд, ки солҳои охир ҳамагӣ бо 5% иқтидори лоиҳавияш кор мекардааст, ба кор дароварда шуд. Ҳоло аз ҷониби ширкати Хуҷанд-Инвест-Коттон якчанд бинои ин корхонаи азим бо харҷи беш аз 2 миллион сомонӣ навсозӣ шудааст. Бо 55 миллион сомонӣ 44 адад таҷҳизоти нави муосир харидорӣ шуда, техникаю таҷҳизоти кӯҳна вале коршоям тармиму навсозӣ шудааст.
Бадин тартиб 800 нафар коргарони қаблии корхона, ки дар рухсатии бемуҳлату бемузд қарор доштанд, аз нав ба кор ҷалб шуда, 300 коргари нав низ қабул гардиданд ва шумораи умумии коргарон ба 1100 нафар расид.
Ҳоло ин корхона имкон дорад, ки солона то 4 ҳазор тонна нахи пахтаро коркард намуда, аз он маҳсулоти тайёр омода намояд. Тибқи нақшаҳои роҳбарияти корхона оянда иқтидори коркарди ин корхона бояд ба 7 ҳазор тонна ва шумораи коргарон ба 3 ҳазор нафар расонда мешавад.







