Навгонӣ
11 Май 2013
Недоступен ни однин перевод.
Солҳои Иттиҳоди Шӯравӣ намуди варзиши дучархаронӣ хеле рушд карда, теъдоди зиёди дӯстдоронро ба ҳам оварда, дар майдон ё худ варзишгоҳи махсус – велотрек (назираш дар Осиёи Марказӣ вуҷуд надошт) мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ гузаронида мешуданд.
Бо ҳадафи дубора эҳё намудани ин намуди варзиш дар базаи дучархаронии Мактаби маҳорати олии варзишии вилояти Суғд мусобиқаи кушоди шаҳри Хуҷанд барои дарёфти мукофоти Раиси шаҳри Хуҷанд ба ифтихори 68-солагии Рӯзи Fалаба дар ҶБВ-и солҳои 1941-1945 ва таҷлили Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон баргузор гардид.
Ҳадафи дигари мусобиқа ҷалб кардани ҷавонон ва наврасон ба ин намуди варзиш, муайян намудани дастаи мунтахаби вилояти Суғд, тарғиби тарзи ҳаёти солим байни шаҳрвандон ва бо ин роҳ рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш буд.Читать полностью







