Навгонӣ
23 Январь 2016
Қабули шаҳрвандон дар мақомоти маҳаллӣ ва баррасии масъалаҳои сокинон аз ҷониби роҳбарияти шаҳр бо иштироки масъулини сохторҳои дахлдор тариқи «Равзанаи ягона» яке аз самтҳои муҳими шаҳрдорӣ аст, ки аз дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бармеояд.
Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода имрӯз бештар аз 50 нафар сокинони маркази вилоятро қабул намуда, бобати баррасии дархости онҳо ба роҳбарону мутасаддиёни марбута супоришҳои мушаххас дод.
Раиси шаҳри Хуҷанд дархости 10 нафар сокинонро доири кӯмак расондан барои таъмири манзилашон, хоҳиши 17 нафарро барои гирифтани манзил ва қитъаи замини наздиҳавлигӣ, муроҷиати 5 сокини шаҳри Хуҷандро барои дастрасии масолеҳи сохтмонӣ, муроҷиати якҷояи соҳибкоронро бобати аз байн бурдани иншооти худсохт шунида, барои баррасӣ ва ҳалли мусбии масъалаҳои ҷойдошта дастур ва мӯҳлат дод.
Другие статьи...
- Тамошои якҷояи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҷлисгоҳи шаҳрдорӣ
- Раиси шаҳри Хуҷанд сохтмони мактаби инноватсионӣ ва меҳмонхонаи панҷситорадор дидан намуд.
- Ниҳолшинонӣ дар Хуҷанд идома дорад
- Раиси шаҳри Хуҷанд мушкилоти 32 нафар муроҷиаткунандагонро баррасӣ намуд.







