Навгонӣ
04 Май 2017
Бо мақсади баланд бардоштани фарҳанги оиладорӣ, омода намудани духтарон ба оилаву оиладорӣ, тарғибу ташвиқ намудани бунёди оилаи солим, тарзи муошират дар оиладорӣ, муносибати хуби байниҳамдигарӣ, сабру таҳаммул, иззату эҳтиром, рафтори ғамхорона нисбат ба якдигар, одоби рӯзғордорӣ ва маҳорати кадбонугӣ бахшида ба эълон шудани соли 2017-Соли ҷавонон бо иқдоми мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд дар ҳама ташкилоту муассисаҳо фестивал-озмуни «Гулдухтарони суғдӣ» доир гардида истодааст.
Аз ҷумла рӯзи гузашта дар Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд озмуни мазкур аз рӯи панҷ шарт- муаррифӣ ба воситаи намоиш додани саҳнача, саволу ҷавоб, пешкаш намудани хӯроки миллӣ, намоиши рақс, суруд ё навозиш ва намоиши либоси базмӣ байни факултетҳои донишкада доир гардид. Ҳамаи 4 духтарони факултаҳо ҳунари баланд нишон дода, хотири аҳли нишастро шод намуданд.





Ҳамшаҳриёни азиз!

