Навгонӣ
27 Апрель 2017
Имрӯз дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд таҳти раёсати Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода иҷлосияи нӯҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд, даъвати панҷум баргузор гардид. Дар кори иҷлосия ҳамчунин муовини Раиси вилояти Суғд Назира Ғаффорӣ ширкат доштанд. Дар иҷлосияи мазкур ҳамчунин баробари 38 нафар вакилон ҳамчунин роҳбарони воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, ташкилоту муассисаҳои шаҳрӣ, муассисаҳои таълимӣ, раисони кумитаи маҳаллаҳо, сохторҳои корхонаи воҳиди давлатии коммуналии «Сарраёсати ободонӣ ва хоҷагии манзилию коммуналӣ»-и шаҳр, намояндагони воситаҳои ахбори умум ширкат намуданд.
Баъди интихоби котиботи иҷлосия вакилон рӯзномаи маҷлисро иборат аз ҳашт масъала барои баррасӣ тасдиқ намуданд.
Мувофиқи масъалаи якум ва дуюми рӯзномаи маҷлис муовини Раиси вилояти Суғд Назира Ғаффорӣ лоиҳаи қарорҳои дахлдорро дар бораи аз вазифаи раиси шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд озод намудани Шарифзода Ш.Ф. ва дар бораи «Тасдиқ кардани ба вазифаи раиси шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд таъин намудани Муҳаммадзода Маъруф ба овоздиҳии вакилони шаҳрӣ пешниҳод намуд.







