Навгонӣ
13 Май 2017
Тибқи нақша чорабиниҳои дар доираи таҷлили Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон ва «Соли ҷавонон» тасдиқгардида, ҳамчунин бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳони «Ҳамшираи шавқат» таҳти унвони «Ҷавонон – пайрави Пешвои миллат» озмуни тахассуси аз фанни кори ҳамширагӣ баргузор гардид.
Озмун дар толори Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд дар байни донишҷӯёни бахши шӯҳбаҳои кори умумитиббӣ, корӣ момодоягӣ ва кори ҳамширагӣ гузаронида шуд. Дар озмуни ду даста- «Шифокор» ва «Парастор» байни ҳам аз рӯи шартҳои саломномаҳои дастаҳо, шиносоӣ бо дастаҳо ва муарифи эмбелемаҳо, маҳорати шеърхонӣ,саволу ҷавоб, намоиши саҳна, корҳои амалии тарзи дуруст додани нафаси сунъи ва маҳси ғайри мустақими дил донишу маҳорати худро ба намоиш гузоштанд.





Ҳамшаҳриёни азиз!

