Навгонӣ
18 Май 2017
Фарорасии Рӯзи ҷавонони Тоҷикистонро ба кулли ҷавонон табрику муборакбод намуда, барояшон сиҳатмандиву хонаободӣ, рӯзгори хушу хуррам ва фатҳи қуллаҳои муродро таманно менамоям.
Масъалаи сиёсати давлатии ҷавонон дар маркази диққати ҳамешагии Ҳукумати мамлакат қарор гирифта, барои пуштибонӣ ва дастгирии иқдомоти бунёдкоронаи ҷавонони кишвар аз ҷониби давлату ҳукумат тадбирҳои мушаххас амалӣ мегарданд. Дар ин замина, муҳайё намудани шароити мусоид барои ташаккули ҳамаҷиҳатаи ҷавонон, тарбияи хуб ва босамари насли ояндасоз, ҳидоят намудани онҳо ба роҳи дурусти зиндагӣ ва кору фаъолият, андешидани чораҳои зарурӣ баҳри азхуд намудани илму донишҳои замонавӣ, касбу ҳунар ва ниҳоят муҳайё намудани заминаҳои мусоид баҳри дар оянда ҳамчун ворисон ва меросбарони сазовори миллату халқи соҳибтамаддун ба воя расидани ҷавонон пайваста дар суханрониҳои Пешвои миллат таъкид ёфта, аз ҷумла дар Паёми имсолаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр мешавад:







