Навгонӣ
04 Июнь 2016
Недоступен ни однин перевод.
Субҳи имрӯз Раиси шаҳри Хуҷанд Шариф Шарифзода тибқи ҷадвали кории МИҲД шаҳр сокинонро бо арзу дархостҳояшон қабул кард, ки дар он муовинони Раис, сардорони шӯъбаҳо ва роҳбарони сохторҳои алоҳидаи МИҲД шаҳр иштирок доштанд.
Тавре аз рӯи маълумоти пешниҳоднамудаи шӯъбаи умумии Дастгоҳи Раиси шаҳр бармеояд, имрӯз бо арзу дархости худ ба Раиси шаҳр Шариф Шарифзода 35 нафар бошандагони минтақаҳои гуногуни шаҳр муроҷиат карданд. Мӯҳтавои муроҷиати сокинонро асосан кӯмаки моддию молиявӣ ташкил медод. Ҳамчунин бошандагон бо масъалаҳои ҷудо намудани қитъаи замини наздиҳавлигӣ, беҳтар намудани шароити манзил, ҷойгир шудан ба хобгоҳ, кӯмак кардан дар сохтмони манзили истиқоматӣ, таъмири манзил, ҷойгир кардани фарзандон ба боғчаи бачагона, таъсиси ташкилоти ҷамъиятӣ ва ғайра муроҷиат карданд.
Читать полностью