Навгонӣ
16 Май 2018
Недоступен ни однин перевод.
Муҳтарам Александр Григорйевич,
Муҳтарам намояндагони воситаҳои ахбори омма,
Барои Тоҷикистон Беларус шарики муҳим дар низоми муносибатҳои байналмилалӣ буд ва хоҳад монд.
Қобили зикр аст, ки имрӯз муносибатҳои ду кишвар бар асоси принсипҳои баробарҳуқуқӣ, эҳтиром ва эътимоди мутақобила ва бо назардошти манфиатҳои тарафайн бо суръат рушд мекунанд.
Дар мулоқоти имрӯза мо бо Александр Григорйевич муколамаи мутақобилан судмандамонро вобаста ба беҳбуд бахшидани муносибатҳоямон дар тамоми маҷмӯи ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистону Беларус идома додем.
Дар ин замина, мо рушди муносиби устувори ҳамгироии кишварҳоямонро дар ченаки сиёсӣ таъкид карда, таҳкими минбаъдаи онро ҷонибдорӣ намудем.Читать полностью







