Навгонӣ
16 Октябрь 2017
Недоступен ни однин перевод.
Имрӯз дар “Кохи Сомон” таҳти сарпарастӣ ва бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Иҷлосияи дуюми Форуми иқтисодӣ ва ҳамкории арабӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон баргузор гардид.
Дар даромадгоҳи толори бошукуҳи Кохи Сомон нахуст маросими аксбардории хотиравии роҳбарони ҳайатҳо бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор шуд.
Дар оғози кори Форум Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи меҳмонони иҷлосияро ба сарзамини бостонии тоҷикон хайрамақдам гуфта, ба иштирокдорони чорабинии имрӯза барори кор орзу карданд.Читать полностью