23 Июн 2026
Дар шаҳри Хуҷанд бо мақсади шарҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ, қонунҳои нав таҳиягардида, эълон гардидани соли 2026 «Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ» ба ифтихори 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ ва қарорҳои Мақлиси вакилони халқи вилояти Суғд силсилаи мулоқоти вакилони Маҷлиси вакилони халқи вилоят оғоз гардид.
Нахуст чунин вохўрӣ дар Маркази саломатии №4-и шаҳри Хуҷанд бо вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд Мубина Хоҷаева бо интихобкунандагон баргузор гардид.
Иттилоъ дода шуд, ки Президенти муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки соли 2026 соли таърихӣ аст ва мардуми шарифи Тоҷикистон бояд корҳои ободониро вусъат диҳанд, хонаву кошона, кӯчаю маҳаллаҳои зисти худро тозаю озода нигоҳ доранд. Ин эълон рамзи идомаи рушди устувор ва ваҳдати миллии кишвар мебошад.
Ободониву созандагӣ мафҳумҳои асосии сиёсати давлатии Тоҷикистон пас аз ҷанги шаҳрвандӣ (1992–1997) мебошад, ки дар паёмҳо, суханрониҳо ва матбуоти давлатӣ ҳамеша зикр мешаванд ва рамзи пешрафти давлатро ифода мекунанд.
Тайи солҳои истиқлол Тоҷикистон аз харобиҳо сар бардошта, ба мамлакате табдил ёфтааст, ки инфрасохтори муосирро доро мебошад. Ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли миллӣ то соли 2025 беш аз 26 ҳазор иншоот ба истифода дода шудааст, ки аксари онҳо бо саҳми соҳибкорон ва мардуми шарифи Тоҷикистон бунёд гардидаанд.
Ободонӣ маънои обод кардан, зебо гардондан, тоза нигоҳ доштан ва беҳбудии инфрасохторро дорад, ки ба он сохтмони роҳҳо, боғҳои фароғатӣ, биноҳои баландошёнаи нави замонавӣ дохил мешавад. Ин ҳама ободкориҳо шароити зиндагии мардумро беҳтар мегардонад ва зебоии Ватанро афзун мекунад. Дар ин замина Неругоҳи барқи обии «Роғун», корхонаҳои калони саноатӣ, муассисаҳои таълимӣ, тиббӣ ва фарҳангӣ мисоли равшананд.
Дар мулоқот муовини Раиси шаҳри Хуҷанд Муяссара Қаҳҳорӣ, вакили Маҷлиси вакилони шаҳри Хуҷанд Инъомҷон Поччоев низ иштирок ва суханронӣ намуданд.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд







