22 Июн 2026
Боиси ифтихор ва сарфарозист, ки мураббияи ширхоргоҳ-кӯдакистони «Хуршеди Истиқлол» Наргис Ҷӯраева дар даври вилоятии озмуни ҷумҳуриявии «Мураббии соли Тоҷикистон – 2026» маҳорати баланди касбӣ, донишу ҷаҳонбинӣ, эҷодкорӣ ва таҷрибаи пешқадами педагогии худро нишон дода, сазовори мақоми аввал гардид.
Озмуни мазкур бо мақсади баланд бардоштани мақоми мураббӣ, такмили маҳорати касбӣ, ҷорӣ намудани усулҳои муосири таълиму тарбия ва дарёфти беҳтарин мураббиёни муассисаҳои томактабӣ баргузор гардида, иштирокчиён аз рӯйи як қатор шартҳо байни ҳам рақобат намуданд.
Муваффақияти Наргис Ҷӯраева натиҷаи меҳнати софдилона, масъулиятшиносӣ, муҳаббат ба касб ва таваҷҷуҳи пайваста ба таълиму тарбияи насли наврас мебошад. Ин дастоварди арзанда на танҳо шарафи муассисаи томактабии «Хуршеди Истиқлол», балки мояи ифтихори ҷомеаи маорифи шаҳри Хуҷанд ба ҳисоб меравад.
Ба ғолиб таманно дорем, ки дар даври ҷумҳуриявии озмун низ бо муваффақият иштирок намуда, парчами вилояти Суғдро боз ҳам баланд бардорад ва ба дастовардҳои нави касбӣ ноил гардад.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд







