18 Июн 2026
Имрӯз, санаи 18-уми июни соли 2026 дар доираи чорабиниҳои ҷумҳуриявии таҳти унвони «Навои модарони ваҳдатсаро» ба шаҳри Хуҷанд як гурӯҳ бонувони фаъолу шинохтаи ҷумҳурӣ ва вилояти Суғд ташриф оварданд.
Таъкид шуд, ки тадбири мазкур дар партави сиёсати инсонпарварона ва ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ташаббуси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд роҳандозӣ мегардад.
Ҳайати меҳмононро дар фазои гарму самимӣ ва руҳияи баланди меҳмоннавозии тоҷикона муовини Раиси шаҳри Хуҷанд Муяссара Қаҳҳорӣ ва бонувони фаъол дар даромадгоҳи шарқии шаҳр истиқбол намуданд.
Иттилоъ дода шуд, ки дар доираи сафари худ меҳмонон бо дастовардҳои иҷтимоиву фарҳангии шаҳр шинос шуда, дар як қатор мулоқоту вохӯриҳо бо занону фаъолон, ҷавонон ва сокинони шаҳр иштирок менамоянд. Ҳамчунин барои онҳо боздид аз Қалъаи Хуҷанд, намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва барномаҳои рангини фарҳангӣ пешбинӣ шудааст.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд







