(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altДар МТМУ№28-и шаҳри Хуҷанд мулоқоти намояндагони Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо муовинон оид ба корҳои тарбиявии муасисаҳои таълимии шаҳру навоҳии Хуҷанд, Бобоҷон Ғафуров, Бӯстон ва Гулистон баргузор шуд.

Дилбар Алихонзода ва Фирӯза Абдуллозода, намояндагони Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба мавзуъоти рӯзмарраи ҷомеа баромад намуда, аз ҷумла афзуданд, ки таълим ва тарбияи инсони ба талаботи замон мувофиқ ва донандаи техникаву техналогияҳои навтарин аз фаъолияти мутақобили оилаву омӯзгор ва ҷомеа робитаи мустаҳкам дорад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо ҷавонон ба масъалаи ватандорию ватандӯстӣ таваҷҷӯҳи махсус зоҳир карда, чунин таъкид намудаанд: “Асоси тафаккури нави сиёсӣ ва фарҳангии насли ҷавонро ғояи таҳкими истиқлолияти давлатӣ, ваҳдату худшиносии миллӣ, ҳисси ватандӯстию ватанпарастӣ, таъмини амнияти давлату миллат, ҳифзи тамомияти марзӣ ва манфиатҳои умумимиллӣ ва умумидавлатии Тоҷикистони соҳибистиқлол ва ҳифзи манфиатҳои кишвар бояд аз ҳама гуна манфиатҳои сиёсӣ, мазҳабӣ ва гурӯҳӣ боло бошад, пойдевори тарбияи ватандӯстии насли ҷавонро фаро гирад”.
Мардуми соҳибтамаддуни мо ба таълиму тарбияи фарзанд аҳамияти махсус зоҳир карда, барои дар рӯҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ, донишандӯзиву маърифатпарварӣ, ҷавонмардиву ахлоқи ҳамида ва нангу номус ба воя расонидани фарзандони худ пайваста талош меварзанд. Маҳз таҳкими оила, таълиму тарбияи наслҳои солиму соҳибмаърифат яке аз воситаҳои рушду нумӯи ҷомеа, мустаҳкамии қудрати мамлакат ва побарҷойии арзишҳои миллиамон ба шумор меравад. Мутаассифона, имрӯз баъзе падару модарон барои ба таълиму тарбия фаро гирифтани фарзандони худ монеъ мешаванд ва нисбати ҳаёту зиндагии онҳо беаҳамиятӣ зоҳир мекунанд.
Дар яке аз баромадҳои худ Асосгузори сулҳу Ваҳдати Миллӣ, Пешвои Миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намуда буданд: «Аҳли ҷомеа ба масъалаи сифати таълиму тарбия диққати ҷиддӣ дода, барои баланд бардоштани маърифатнокию ҷаҳонбинӣ, худшиносии миллӣ, ифтихори ватандорӣ ва масъулияти шаҳрвандии ҷавонон саҳми арзанда гузоранд…»
Дар заминаи меъёрҳои Конститутсия дар Ҷумҳурии мо қонуни миллие қабул ва мавриди амал қарор гирифт, ки масъулияти падару моддарро дар таълиму тарбияи фарзанд дар сатҳи қонунгузорӣ танзим намуд. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” дуюми августи соли 2011 таҳти рақами №762, ки аз 6 боб ва 17 модда иборат аст, дар низоми қонунгузории Тоҷикистон аллакай мавқеи махсуси хешро пайдо кардааст. Фарзандон беҳтарин воситаи бақои оила ва сарчашмаи асосии хушбахтии мо мебошанд. Аз ин сабаб, барои тарбияи дурусти онҳо муҳити боварӣ ва эҳтироми ҳамдигариро фароҳам овардан зарур аст. Қонуни мазкур аз ҷониби дигар ба таърихи тамаддуни миллати тоҷик дар тӯли қарнҳо, ки ба масъалаи тарбияи фарзанд аҳамияти ҷиддӣ дода мешуд, алоқамандӣ дорад. Дар қисми якуми моддаи 18-и Эъломияи ҳуқуқи кӯдак сабт шудааст, ки «таъмини манфиатҳои кӯдак бояд мавзӯи асосии ғамхории волидайн бошад».
Зикр гардид, ки Пешвои муаззами миллат нисбати занону модарон бо меҳрубониҳои хосса ҳарф мезананд Зане, ки босавод ва соҳибмаърифату соҳибҳунар мебошад, илова ба тарбияи фарзанд, дар пешбурди ҳадафҳои давлат, ободии Ватан ва раванди созандагӣ фаъолона ширкат меварзад ва дар эъмори ҷомеаи демокративу дунявӣ ва озоду пешрафта саҳми арзишманд мегузорад.
Занон дар тағриби арзишҳои муқаддаси оиладорӣ ва баланд бардоштани фарҳанги хонаводагӣ, пешрафти илму техника ҳиссаи муносиб мегузоранд ва ба ин восита мақоми зан модарpo, ки пешбарандаи ҷамъият, нуру зиёи ҳаёт ва асоси бахту нишот дар кишварамон мебошад, боз ҳам баланд мебардоранд.
Аз оғози таърих то имрӯз зан-модар нақши асосиро дар ташаккули шахсият ва рушди ҷомеа иҷро мекунад. Вай бо сабру таҳаммул, муҳаббати беандоза ва ғамхории самимӣ фарзандро ба роҳи дуруст ҳидоят менамояд.
Боиси ифтихор аст, ки аз қадимулайём гузаштагони мо бофарҳанг, бомаданияту зебопараст буданд ва бо пӯшидани либосҳои миллии худ ҳам тамаддун ва ҳам фарҳанги миллати тоҷикро дар таърихи башарият маъруфу машҳур намудаанд. Арзишмандии маънавии онро ҳифз карда, то ба мо расондаанд. Наслҳои оянда низ бояд ба мероси ниёгон ҳамчун меросбарони бофарҳанг арҷгузор бошанд.
Дар ин раванд дарк ва омӯзиши фазилат ва ҳикмате, ки либоси миллии ҳар халқ дар худ симои маънавии ӯро таҷассум менамояд, василаи муҳими худшиносӣ ва худогоҳӣ маҳсуб меёбад. Дар ҳама давру замон инкишофу пешравии фарҳанги миллӣ дар дасти ҷавонон буд. Ҷавондухтарон метавонанд, фарҳанги худро боз ҳам баланд бардошта, бо либоси адрасу атлас ва чакан, мӯйи бофта, тоқии гулдӯзӣ худро зебу зинат дода, маданияти миллии тоҷиконро бо ин амалашон дар олам муаррифӣ созанд.
Мулоқот бо саволу ҷавоб ҳусни анҷом ёфт.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

?>

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Шосаидов С. С. Шосаидов С. С. Шосаидов Саидакбар Саидқурбонович 10-уми октябри соли 1993 дар шаҳри Бўстон таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ мебошад. Баъди ха...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...