9883
(0 овоз, миёна 0 аз 5)
13 Июн 2026
Дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд бо мақсади амалӣ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дар асоси Нақша-чорабиниҳои Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушди забони давлатӣ» ва эълон гардидани соли 2026- «Соли вусъат додани корҳои ободонию созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ» мулоқот баргузор шуд.
Чорабиниро Ҷамшед Набизода, муовини Раиси шаҳри Хуҷанд ифтитоҳ намуда, ҳадафи онро шарҳ дод.
Сипас, Сахидод Раҳматуллозода, Раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баромад намуда, аз ҷумла афзуд, ки бо ибтикори Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади ҳифз ва гиромидошти забони тоҷикӣ ҳамчун забони давлатӣ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 5 октябри соли 2009, №553 қабул гардид, ки вазъи ҳуқуқии забони давлатиро муайян ва истифодаи онро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим менамояд. Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода, ҳимоя ва рушди забони давлатиро таъмин намуда, забони давлатӣ дар ҳама соҳаҳои ҳаёти сиёсӣ, қонунгузорӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ, илмӣ, фарҳангӣ, робитаҳои дипломатӣ, воситаҳои ахбори омма ва ғайра истифода мегардад.
Тибқи моддаи 2 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон забони давлатии Тоҷикистон забони тоҷикӣ аст. Забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон забони тоҷикӣ мебошад, ки тибқи талаботи моддаи 3 Қонуни мазкур ҳар як шаҳрванд вазифадор аст забони давлатиро донад. Дар асоси банди 3-и Нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқот ба муносибати Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон (5 октябри соли 2010) ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоби вакилон ба маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ», Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот» ва ғайра тағйиру иловаҳо вобаста ба донистани забони давлатӣ ворид карда шудааст, ки ин иқдоми наҷиб ҳангоми озмунҳо доир ба санҷиши кормандони мақомоти ҳокимияти давлатӣ, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқияшон мусоидат намуд. Инчунин, ҳангоми истифодаи забони давлатӣ риояи муқаррароти қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ва аломатҳои китобатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳатмӣ мебошад.
Забони давлатӣ дар фаъолияти кори мақомоти давлатӣ ва ҷомеа дар муносибатҳои расмии шифоҳӣ ва хаттӣ ҳамчун воситаи асосии коргузорӣ ва муошират мавриди истифода қарор дорад. Дар асоси муқаррароти Қонуни мазкур коргузории мақомоти ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва судӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба забони давлатӣ сурат мегирад. Коргузории ташкилотҳое, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият дорад, ба забони давлатӣ сурат мегирад. Забони дигар тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода мешавад. Тартиби коргузорӣ ва ҳуҷҷатнигорӣ дар Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, судҳо ва Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии дахлдор ба танзим дароварда мешавад.
Таъкид шуд, ки Пешвои миллат сиёсати давлатиро дар бораи забонҳои ақаллиятҳои миллии сокини ҷумҳурӣ бо риояи меъёрҳои Конститутсия пайваста пайгирӣ намуда, иҷрои ин ҳадафро аз вазифаҳои муҳими муносибати байни миллатҳо ва халқиятҳо дар кишвари азизамон медонанд. Имрӯз дар ҷумҳурӣ ба забонҳои ақаллиятҳои миллӣ барномаҳои радио ва телевизион фаъол буда, ба бештари ин забонҳо рӯзномаву маҷаллаҳо нашр мешаванд. Дар ҷумҳурӣ дигар халқиятҳо зиндагӣ менамоянд, ки шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, забони онҳо шева, яъне лаҳҷа мебошанд. Барои эҳёи забони илм ва ҳуқуқэҷодкунӣ таҳлил ва омӯзиши лаҳҷаҳои забони миллатҳо ва халқиятҳои дигар мувофиқи мақсад мебошад.
Дар асоси Нақшаи амалисозии Барномаи мазкур ҳифзи муқаддасоти олӣ дар идоракунии давлатӣ таъмин карда мешавад. Қайд менамоем, ки вақте, ки мо калимаи Ватанро ба забон меорем, модари азизамон пеши назар меояд, чунки Модар моро ба дунёи ҳастӣ оварда, забони модарӣ, худшиносию худогоҳӣ, ҳувияти миллӣ, зирракию сиёсӣ ва ҳифзи сохти маъмурию ҳудудии Ватанро ба мо омӯзонда, тарбия намудааст.
Пешвои миллат ба хотири ҳифз ва гиромидошти забони тоҷикӣ ҳамчун забони давлатӣ дар таҳия ва қабули қонунгузории ҶТ ба забони давлатӣ саҳми арзанда доранд. Қонунгузории амалкунанда барои ҳуқуқэҷодкунӣ, қонуният, адолат, ошкорбаёнӣ, шаффофият, илмият, касбият, афзалияти ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ва ба назар гирифтани афкори ҷамъиятӣ ба забони давлатӣ таҳия ва қабул гардида, ҷиҳати баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон дар доираи риояи меъёри забони адабӣ мусоидат менамояд.
Сипас, Бахтиёр Исматзода, сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд ва Шавкат Рустамов, устоди ДДҲБСТ баромад намуда, доир ба мавзуъи матраҳшуда андешаҳои хешро баён доштанд.
Зикр гардид, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар чанде аз суханрониҳояшон баён доштанд, ки масъалаи забони давлатӣ ва тақвияту таҳкими мақоми он дар таърихи давлатдории навини мо ҳамеша яке аз масъалаҳои муҳимтарин ва аввалиндараҷа ба ҳисоб рафта, имрӯз низ пайваста дар маркази диққати давлату Ҳукумати мамлакат қарор дорад.
Бояд қайд намуд, ки дар мавриди ҳимоя, пуштибонӣ ва рушду гастариши забони тоҷикӣ нақш ва мавқеи шахсияти таърихӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бузургу беназир аст. Маҳз бо шарофати ин марди хирадманду дурандеш силсилаи қонуну қарорҳо оид ба забони тоҷикӣ қабул ва мавриди амал қарор гирифтанд, ки онҳо мақому манзалати забони тоҷикиро хело боло бурдаанд.
Мулоқот бо мубодилаи афкор анҷом пазируфт.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд
Шарҳ додан