06 Июн 2026
ХИДМАТИ ШОИСТА БА НАФЪИ ХАЛҚ ЭЪТИБОР ФИЗОЯД
Кормандони соҳаи савдо, хизмати маишӣ, хоҷагии манзилию коммуналӣ ва собиқадорони соҳаҳо!
Ҳамасола якшанбеи аввали моҳи июн дар қаламрави кишварамон Рӯзи кормандони соҳаҳои савдо, хизмати маишӣ ва хоҷагии манзилию коммуналӣ таҷлил карда мешавад.
Ба ин муносибати нек аз номи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд кулли кормандон ва алоқамандони соҳаи савдо, хизматрасонии маишӣ ва хоҷагии манзилию коммуналиро бо иди касбиашон муборакбод гуфта, барояшон пеш аз ҳама саломатии комил, хонадони ободу осуда ва дар иҷрои корҳо барор хоҳонам.
Воқеан, шаҳри бостониву ҳамешаҷавони Хуҷанд дар замони соҳибистиқлолии кишвар рушду такомул ёфта истодааст, шумори марказҳои савдо афзун гардида, сатҳи хизматрасонӣ ба аҳолӣ басо баланд шуда истодааст. Хуррамгардонии шаҳри азизамон, фароҳам овардани шароити мусоид ҷиҳати истифодаи хизматрасониҳои коммуналӣ ва болида намудани рўҳияи сокинон аз сатҳу сифати хизматрасонии кормандони савдо, хизмати маишӣ ва хоҷагии манзилию коммуналӣ вобастагии калон дорад.
Имсол халқи тоҷик ба истиқболи шоистаи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва амалӣ гардонидани фармони Президенти кишвар мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба «Соли 2026 соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ» камари ҳиммат бастааст. Фаъолияти сохтори савдо, хизмати маишӣ, хоҷагии манзилию коммуналӣ дар ин давр басо назаррас аст, зеро ободонию сабзкорӣ, бунёдкорию созандагӣ, чароғонкунию гулкорӣ, таъмини тозагию озодагии ҳудуди шаҳр, таъмири биноҳои истиқоматӣ ва роҳи автомобилгарду пиёдагард асосан ба дӯши кормандони ин сохтор вогузор шудааст.
Дар хизмати халқ қарор доштан, молу маводи тозаву хишсифатро пешкаши мардум намудан, муҳимбарори онҳо будан, рисолати касбии кормандони соҳаи савдо аст. Фаровонии маҳсулоти бозор ва мағозаҳо, таъминоти мардум бо маводи рўзгор, озуқаву ашё ва хизматрасонии маишӣ чун вазифаи муҳим ба зимаи кормандони соҳаи савдо ва хизмати маишӣ вогузор гардидааст ва боиси хушнудист, ки дар ин радиф маданияти хизматрасонӣ торафт баланд гардида, миҷозон низ аз хидмати ин се сохтори муҳим розиву миннатдоранд.
Бори дигар кормандони соҳаҳои савдою хизматрасонии маишӣ ва хоҷагии манзилию коммуналиро бо иди касбӣ таҳният мегӯям, барояшон саломатию хонаи обод ва дар иҷрои вазифаҳо барору пешравӣ хоҳонам.
Иди касбӣ муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!







