(0 овоз, миёна 0 аз 5)

alt Дар КВДК “Хуҷандобуканал” бахшида ба Рўзи кормандони соҳаи коммуналӣ чорабинии тантанавӣ баргузор гардид.

Хайрулло Бобоев, директори генералии КВДК “Хуҷандобуканал” номаи табрикотии Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзодаро ба муносибати Рӯзи кормандони соҳаи коммуналӣ расонд, ки дар он аз ҷумла гуфта мешавад: “Ҳамасола якшанбеи аввали моҳи июн дар қаламрави кишварамон Рӯзи кормандони соҳаҳои савдо, хизмати маишӣ ва хоҷагии манзилию коммуналӣ таҷлил карда мешавад. Ба ин муносибати нек аз номи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд кулли кормандон ва алоқамандони соҳаи савдо, хизматрасонии маишӣ ва хоҷагии манзилию коммуналиро бо иди касбиашон муборакбод гуфта, барояшон пеш аз ҳама саломатии комил, хонадони ободу осуда ва дар иҷрои корҳо барор хоҳонам.
Воқеан, шаҳри бостониву ҳамешаҷавони Хуҷанд дар замони соҳибистиқлолии кишвар рушду такомул ёфта истодааст, шумори марказҳои савдо афзун гардида, сатҳи хизматрасонӣ ба аҳолӣ басо баланд шуда истодааст. Хуррамгардонии шаҳри азизамон, фароҳам овардани шароити мусоид ҷиҳати истифодаи хизматрасониҳои коммуналӣ ва болида намудани рўҳияи сокинон аз сатҳу сифати хизматрасонии кормандони савдо, хизмати маишӣ ва хоҷагии манзилию коммуналӣ вобастагии калон дорад”.
Таъкид шуд, ки имсол халқи тоҷик ба истиқболи шоистаи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва амалӣ гардонидани фармони Президенти кишвар мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба «Соли 2026 соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ» камари ҳиммат бастааст. Фаъолияти сохтори савдо, хизмати маишӣ, хоҷагии манзилию коммуналӣ дар ин давр басо назаррас аст, зеро ободонию сабзкорӣ, бунёдкорию созандагӣ, чароғонкунию гулкорӣ, таъмини тозагию озодагии ҳудуди шаҳр, таъмири биноҳои истиқоматӣ ва роҳи автомобилгарду пиёдагард асосан ба дӯши кормандони ин сохтор вогузор шудааст.
Дар хизмати халқ қарор доштан, молу маводи тозаву хишсифатро пешкаши мардум намудан, муҳимбарори онҳо будан, рисолати касбии кормандони соҳаи савдо аст. Фаровонии маҳсулоти бозор ва мағозаҳо, таъминоти мардум бо маводи рўзгор, озуқаву ашё ва хизматрасонии маишӣ чун вазифаи муҳим ба зимаи кормандони соҳаи савдо ва хизмати маишӣ вогузор гардидааст ва боиси хушнудист, ки дар ин радиф маданияти хизматрасонӣ торафт баланд гардида, миҷозон низ аз хидмати ин се сохтори муҳим розиву миннатдоранд.
Сипас раиси Кумиҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Мунзифа Ҷабборӣ тамоми кормандони соҳаи обрасониро бо идашон табрику таҳният гуфта, аз ҷумла афзуд, ки беҳдошт, ободонӣ, гулу гулзор ва кабудизоркунии шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ ва болидарӯҳии ҳар як сокини он, аз кори пурсамари мову Шумо вобастагии калон дорад. Инчунин, ҳамагон хуб медонем, ки об яке аз боигариҳои беназири сайёра ба ҳисоб рафта, он ба ташаккули ҳаёти солим ва зиндагии комилу арзандаи сокинони он мусоидат менамояд. Дар ҷое, ки об ҳаст он ҷо зиндагӣ бо файзу бо баракат мебошад. Ба ҳамин хотир одамон дар рӯи олам обро ҳамчун манбаи гаронбаҳотарини ҳаёту зиндагии худ медонанд. Ҳамзамон, кормандони ҳама соҳаҳои фаъолияти мо масъулияти хеле баландро ба дӯш доранд ва мо боварии комил дорем, ки ин масъулиятро бо сарбаландӣ ҳифз намуда, ба қуллаҳои баландтарини ҳаёти арзандаи халқи азизамон мерасем.
Дар анҷоми чорабинӣ ба як қатор фаъолони соҳа Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

?>

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Шосаидов С. С. Шосаидов С. С. Шосаидов Саидакбар Саидқурбонович 10-уми октябри соли 1993 дар шаҳри Бўстон таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ мебошад. Баъди ха...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...