(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altЯк гурӯҳ равшанфикрон, ходимони давлатӣ ва ҷамъиятӣ, инчунин рӯзноманигорони вилояти Суғд таҳти роҳбарии Раиси вилояти Суғд, муовини якуми Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҷаб Аҳмадзода ба шаҳри Душанбе сафар намуда, оромгоҳи фарзандони фарзонаи миллат, Қаҳрамонони Тоҷикистон Нусратулло Махсум ва Шириншо Шотемур, инчунин ходими намоёни давлативу ҷамъиятӣ Нисор Муҳаммадро зиёрат карданд.

Иштирокчиёни маросим бар сари турбати ин шахсиятҳои барҷаста гулчанбар ва гулдастаҳо гузошта, бо эҳтироми хос хотираи неки онҳоро гиромӣ доштанд. Зимни зиёрат аз хизматҳои бузурги онҳо дар роҳи ташаккули давлатдории миллӣ, ҳифзи манфиатҳои мардум, таҳкими пояҳои давлат ва рушди ҷомеа ёдоварӣ карда шуд.
Таъкид гардид, ки корномаи ибратбахши ин фарзандони содиқи Ватан дар саҳифаҳои таърихи миллат бо ҳарфҳои заррин сабт гардида, барои наслҳои имрӯзу фардо ҳамчун намунаи олии ватандӯстӣ, худшиносӣ ва садоқат ба давлату миллат хизмат хоҳад кард. Гиромидошти хотираи чунин шахсиятҳои таърихӣ дар таҳкими худогоҳии миллӣ, тарбияи насли ҷавон дар рӯҳияи эҳтиром ба арзишҳои давлатдорӣ ва арҷгузорӣ ба мероси маънавии миллат аҳаммияти бузург дорад.
Ёдовар мешавем, ки бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мушти хоки оромгоҳи фарзандони барӯманди миллат — Қаҳрамонони Тоҷикистон Нусратулло Махсум ва Шириншо Шотемур, инчунин арбоби намоёни сиёсиву фарҳангӣ Нисор Муҳаммад аз шаҳри Москва ба Ватан оварда шуда, дар пойтахти мамлакат бо эҳтироми шоиста ба хок супурда шуд. Ин иқдоми таърихӣ ҳамчун рамзи арҷгузорӣ ба хизматҳои фарзандони содиқи миллат ва эҳтиром ба хотираи неки онҳо дар саҳифаҳои таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол ҷойгоҳи махсус дорад.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

?>

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Шосаидов С. С. Шосаидов С. С. Шосаидов Саидакбар Саидқурбонович 10-уми октябри соли 1993 дар шаҳри Бўстон таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ мебошад. Баъди ха...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...