03 Июнь 2026
Недоступен ни однин перевод.
Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатиашон ҷиҳати ҷилавгирӣ аз воридоти молу маҳсулоти пастсифат ва ғайристандартӣ, ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ва пешгирии бемориҳои сироятӣ аз ҷониби Маркази назорати давлатии санитарию эпидемологии шаҳри Хуҷанд пайваста тадбирҳои таъхирнопазир андешида мешаванд.
Бо ин ҳадаф имрӯз дар Маркази назорати давлатии санитарию эпидемологии шаҳри Хуҷанд машварати корӣ ва дастурдиҳӣ баргузор шуд.
Азаматхўҷа Воҳидов, сардори Маркази назорати давлатии санитарию эпидемологии шаҳри Хуҷанд зимни баромади худ аз ҷумла таъкид дошт, ки бо мақсади пешгирӣ аз зуҳури бемориҳои сироятӣ дар фасли тобистон аз ҷониби Маркази назорати давлатии санитарию эпидемологии шаҳри Хуҷанд қарор ба тавсиб расид, ки мутобиқи он фурўши ғайриқонунӣ ва бидуни хулосаҳои санитарию эпидемологӣ пешкаш намудани молу маҳсулоти кремдор, нўшокиҳои ташнагишикан, пастсифат ва ғайристандартӣ, хуришҳои дар шароити хона омодакардашуда, маводи қимаи дамкардашуда қатъиян манъ карда шуд. Ҳадаф пеш аз ҳама ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ва пешгирии бемориҳои сироятӣ мебошад.
Таъкид шуд, ки бо баробари фарорасии фасли гармо талабот ба ширинию маҳсулотҳои қаннодӣ, ташнагишикан ва дигар анвои хӯрокаи болаззат афзун гардида, гуруҳе аз соҳибкорон бо истифода аз имконот дидаву дониста чунин маҳсулотро бидуни қоидаҳои беҳдоштӣ ба мизоҷон пешниҳод менамоянд. Аз ин лиҳоз, аз соҳибкороне, ки дар самт фаъолият доранд, талаб карда шуд, ки сиҳатии оммаро аз манфиати хеш боло донанд ва ба қонуншиканӣ роҳ надиҳанд.
Зикр, ки ҷиҳати пешгирии воридоти молу маҳсулоти пастсифат ва ба саломатӣ зараровар Маркази назорати давлатии санитарию эпидемологии шаҳри Хуҷанд доир ба риояи ҳатмии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон» чораҳои таъхирнопазир меандешад
Дар нишаст ҳамзамон роҳҳои тавсеаи бештари ҳамкории мутақобилан судманди сохтори салоҳиятдор бо соҳибкорон дар самти ҷилавгирӣ аз воридот ва фурӯши молу маҳсулоти пастсифати ғизоӣ матраҳ гардид.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд







