03 Июнь 2026
Недоступен ни однин перевод.
Дар майдончаи варзишии Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд маросими ифтитоҳи мусобиқаи шаҳрии футболи хурд байни дастаҳои ғайрикасбӣ барои дарёфти «Ҷоми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон» баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Мунзифа Ҷабборӣ, мудири шуъбаи ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Парвиз Салоҳиддинов, намояндаи сарпарасти мусобиқа — ҶДММ «Арча-иншоот» Зафар Маҷидов, намояндагони ташкилоту муассисаҳо, ҷавонон, варзишгарон ва дӯстдорони футбол иштирок намуданд.
Нахуст раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Мунзифа Ҷабборӣ ҳозиринро бо оғози мусобиқа табрик намуда, иброз дошт, ки имрӯзҳо мардуми кишвар дар арафаи таҷлили ҷашнҳои муҳими миллӣ — 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва Рӯзи ҷаҳонии футбол қарор доранд. Маҳз ба хотири гиромидошти ин санаҳои таърихӣ ва дар доираи нақша-чорабиниҳои Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон мусобиқаи мазкур роҳандозӣ гардидааст.
Зимни суханронӣ таъкид гардид, ки пешниҳоди таҷлили Рӯзи ҷаҳонии футбол дар сатҳи байналмилалӣ бо ташаббуси Президенти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA), Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ амалӣ гардида, имрӯз ин сана дар саросари ҷаҳон таҷлил мешавад.
Қайд карда шуд, ки 9 феврали соли 2024 муҳтарам Рустами Эмомалӣ аз минбари Созмони Милали Муттаҳид нақши футболро ҳамчун воситаи таҳкими сулҳ, дӯстӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамбастагии халқҳо муаррифӣ намуда, пешниҳод карданд, ки ин намуди варзиш ҳамчун падидаи муҳими фарҳанги умумибашарӣ эътироф гардад. Бо дастгирии ҷомеаи ҷаҳонӣ Ассамблеяи генералии Созмони Милали Муттаҳид қатъномаи махсус қабул намуда, 25 майро ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии футбол эълон кард.
Дар идомаи чорабинӣ мудири шуъбаи ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Парвиз Салоҳиддинов оид ба сиёсати ҷавонпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастгирии ҳамаҷонибаи ҷавонону варзишгарон суханронӣ намуда, баргузории чунин мусобиқаҳоро омили муҳими таҳкими дӯстӣ, рушди тарзи ҳаёти солим ва ҷалби ҷавонон ба варзиш арзёбӣ намуд.
Ҳамчунин намояндаи ҶДММ «Арча-иншоот» Зафар Маҷидов зимни баромади худ иброз дошт, ки дастгирии ташаббусҳои иҷтимоӣ ва варзишӣ яке аз самтҳои муҳими фаъолияти корхона ба ҳисоб рафта, мусоидат ба рушди футбол ва тарбияи насли солим вазифаи муҳими ҷомеа мебошад. Ӯ ба ҳамаи иштирокчиён барору комёбӣ ва рақобати солим орзу намуд.
Дар фарҷоми қисми расмӣ ба сарпарасти мусобиқа — ҶДММ «Арча-иншоот» ва роҳбарияти Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд барои ҳамкории судманд ва саҳмгузорӣ дар рушди варзиш изҳори сипос баён гардид.
Мусобиқа рӯзҳои наздик идома ёфта, беҳтарин дастаҳо барои дарёфти «Ҷоми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон» рақобат намуда, ғолибон бо ҷом, диплом ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ хоҳанд шуд.







