(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altИмрӯз дар Кохи “Суғдиён”-и шаҳри Хуҷанд баҳри иҷрои бемайлони дастуру роҳнамоиҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва супоришҳои Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковники адлия Воҳидзода Ҳабибулло Сайдулло мулоқоти прокурори вилоят, мушовири адлияи дараҷаи 1 Давлатзода Ҳусейн Ҳамид бо иштироки Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода,

роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, сохторҳои низомӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, масъулини соҳаи маориф, тандурустӣ, барқ, раисони маҳаллаҳо, инчунин роҳбарони як қатор корхона ва ташкилоту муассисаҳо ва дигарон оид ба волоияти қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ, ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, пешгирӣ ва паст намудани сатҳи ҳамагуна ҷинояткорӣ, бахусус ҷинояткории ноболиғон, терроризму экстремизм, маводи мухаддир, риояи қонунгузории замин, ҳодисаҳои номатлуби худкушӣ, танзими ҷашну маросим, масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак, кам намудани қарзи истифодаи қувваи барқ, оби полезиву нӯшокӣ ва коҳиш додани бақияи қарзи андоз доир гардид.
Давлатзода Ҳусейн Ҳамид зимни суханронии худ, таъкид намуд, ки ҳар як фарди бошуури ҷомеа вазифадор аст, ки баҳри амалигардонии волоияти қонун, дар ҳифз ва таҳкими ваҳдати миллӣ, арзишҳои миллӣ ва истиқлолияти давлатӣ бо риояи бечунучарои талаботи қонунҳои амалкунанда саҳми арзандаи худро гузорад.
Прокурори вилоят натиҷаҳои фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сатҳи ҷинояткориро дар семоҳаи аввали соли равон мавриди баррасӣ қарор дод.
Сипас гузориши сардори ШВКДҶТ дар шаҳри Хуҷанд, масъулини нозироти андоз, кумитаи идораи замин, шабакаҳои барқ, бахши меъморию шаҳрсозӣ, бахши дин ва танзими расму оид, ҷавонон ва варзиш, занон ва оила ва дигар ташкилоту муассисаҳо шунида шуд.
Таваҷҷуҳи роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, сохторҳои низомӣ ва иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр баҳри ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта, ҷалб карда шуд.
Прокурори вилояти Суғд дар баромади хеш изҳор дошт, ки волоияти қонун, таҳкими қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ, пешгирӣ ва паст намудани сатҳи ҳамагуна ҷинояткорӣ пояи устувори Истиқлолияти давлатӣ буда, тарбияи насли наврас дар руҳияи ватандӯстӣ ва масъулияти шаҳрвандӣ, бахусус дар байни ҷавонон, аз мавзуъҳои мубрами рӯз маҳсуб ёфта бояд, ки ҳамагон ба масъалаҳои мазкур таваҷҷуҳи ҳамешагӣ дошта бошанд.
Иштирокчиёни вохӯрӣ дар робита ба мавзуъи таъмини волоияти қонун, таҳкими қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ, фаъолона иштирок намуда, андешаҳои худро ҷиҳати пешгирӣ ва паст намудани сатҳи ҷинояткорӣозодона иброз доштанд.
Бояд қайд намуд, ки чорабинии мазкур бо ҳадафи баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва сиёсии аҳолӣ ва пешгирии падидаҳои номатлуб ҷамъбаст гардид.
Ҳамчунин аз иштирокчиёни вохӯрӣ даъват ба амал оварда шуд, ки ҷиҳати дар амал татбиқ намудани талаботи Қонунҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак” ва “Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон” чораҳои бетаъхир андешида шавад.
Дар фарҷоми мулоқот Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода изҳор дошт, ки дар шароити кунунӣ ҳар як фарди солими ҷомеаи шаҳрвандиро зарур аст, ки барои дар рӯҳияи ватандӯстию ватанпарварӣ ва расидан ба қадри истиқлолу озодӣ, сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ тарбия кардани фарзандони худ, яъне наврасону ҷавонон, инчунин сазовор истиқбол гирифтани ҷашни 35 солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба эълон гардидани соли 2026 ҳамчун “Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ” ҳамеша саъю талош варзанд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

?>

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...
Шосаидов С. С. Шосаидов С. С. Шосаидов Саидакбар Саидқурбонович 10-уми октябри соли 1993 дар шаҳри Бўстон таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ мебошад. Баъди ха...