01 Июн 2026
Шаҳри Хуҷанди бостонӣ бо дастур ва раҳнамоиҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати сазовор пешвоз гирифтани 35 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабои нав ба бар менамояд.
Соли ҷорӣ бо оғози маъракаи мумфаршкунии як қатор кӯчаҳои шаҳри Хуҷанд ва дохили маҳаллаҳо бо ҷалби маблағҳои буҷавӣ ва соҳибкорони ватандўст мумфарш карда шуданд ва ин маъракаи густурда идома дорад.
Субҳи имрўз бо иштироки Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода ва Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода ба корҳои мумфаршкунии кӯчаи Баҳром Фирӯз ҳусни оғоз бахшида шуд.
Иттилоъ дода шуд, ки бо маблағгузории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд роҳи кӯчаи Баҳром Фирӯзи маҳаллаҳои 14-15-уми шаҳри Хуҷанд бо масоҳати 40 100 метри мураббаъ ё худ бо дарозии умумии 4 километр пурра мумфарш карда мешавад. Ҳамзамон ҷўйборҳои канори роҳ ва пайроҳа сохта ба истифода дода мешавад.
Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода барои босифат анҷом додани корҳои мумфаршкунӣ ба масъулин дастуру супоришҳо дод.
Ҷоиз ба зикр аст, ки кӯчаи Баҳром Фирӯзи маҳаллаҳои 14-15-уми шаҳри Хуҷанд яке аз кӯчаҳои асосии маҳаллаҳои навбунёд буда, аксарияти мардум хонаҳои хешро бунёд ва дар он зиндагӣ намуда истодаанд. Мумфаршкунии роҳи мазкур шароити созгорро барои равуои мардум муҳайё месозад.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд







