Номаи табрикотии Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода ба муносибати Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон
01 Июнь 2026
Недоступен ни однин перевод.
МАСЪУЛИ ТАЪМИНИ ОЯНДАИ БОСАОДАТИ КӮДАКОНЕМ!
Кӯдакону наврасони азиз, волидайни масъулиятшинос!
Ҳар сол рӯзи якуми июн дар кишварҳои ҷаҳон Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон таҷлил мегардад ва кишвари мо – Тоҷикистон, истисно нест.
Ин сана мо, калонсолонро ҳушдор месозад, ки масъулияти саломатӣ, тарбияи маънавии кӯдакону наврасон, фароҳам овардани шароити мусоиди таълиму тарбияи онҳо дар оила ва мактаб, тайёр намудани онҳо ба зиндагии оянда ба дӯши мост. Зеро кӯдакон ояндаи осудаву ободи ҳар миллат, сарвати бебаҳои ҳар оила, ҷомеа ва давлат ба шумор мераванд.
Соли 1959 СММ Эъломияи ҳуқуқи кӯдакро қабул кард. Яке аз санадҳои асосии Ассамблеяи Генералии СММ ташкили Хазинаи кӯдакон ЮНИСЕФ аст, ки айни замон механизми асосии кӯмаки байналмилалӣ ба кӯдакон ҳисоб меёбад.
Аввалин ҳуҷҷати байналмилалии ҳуқуқие, ки дар он ҳуқуқҳои кӯдак дар сатҳи байналмилалӣ баррасӣ шудааст, Конвенсия оид ба ҳуқуқи кӯдак аст, ки аз ҷониби СММ 20 ноябри соли 1989 қабул шуд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон ин Конвенсияи байналмилалиро 26 ноябри соли 1993 ба тасвиб расонд. Ҳуқуқҳои кӯдаконро дар ҷумҳурӣ Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак”, «Дар бораи масъулият дар таълиму тарбияи кӯдак» ва даҳҳо санади дигар ба танзим даровард.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳояшон қайд намудаанд: “Кӯдакон ояндаи ҷомеа мебошанд, таъмини ҳуқуқҳои онҳо ба ҳифзи саломатӣ, рушди солимии ҷисмонию равонии онҳо вазифаи аввалиндараҷаи ҳар як давлату ҷомеа ба ҳисоб меравад”.
Комиссия оид ба ҳуқуқи кӯдак, ки як мақоми доимии назди Маыомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд мебошад, сиёсати давлатиро оид ба таъмини ҳуқуқ ва манфиатҳои кӯдак бо мақсади амалисозии қонунгузории кишвар ва иҷрои ӯҳдадориҳои байналмилалие, ки аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи шартномаҳои байналмилалӣ тасдиқ шудаанд, пеш мебарад.
Кулли кӯдакону наврасон, волидайни хушбахти замонро бо рӯзи байналмилалии кӯдакон табрику муборакбод мегӯям, ба онҳо айёми хуши кӯдакиву наврасӣ, хандаҳои беғаши тифлӣ, саодати рӯзгорон ва ба кишварамон осмони софу беғубор таманно мекунам.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода ҳамеша бар онанд, ки нашъу нумӯи кўдакон, тарбияи онҳо, фароҳам овардани имконоти моддию маънавӣ барои рушди зеҳнии кӯдакон вазифаи асосии давлат, ҷомеа ва волидайну оила маҳсуб меёбанд.
Дар кишвари соҳибистиқлоли мо, дар остонаи таҷлили 35-солагии он қарор дорем, кўдакон бо ғамхорию меҳрубонӣ фаро гирифта шудаанд ва дар муҳити оилаву кӯдакистонҳо тарбияву таълими хуб дида истодаанд. Ба кўдакони имконияташон маҳдуд ва ятиму бепарастор низ таваљљўҳи хоса зоҳир мегардад. Давлат онҳоро ба паноҳи хеш гирифтааст, таълиму тарбия медиҳад, соҳиби касбу кор мегардонад ва ояндаашонро таъмин месозад.
Барои беҳтар намудани шароити таълиму тарбияи кўдакон дар шаҳри Хуҷанд тадбирҳои зарурӣ андешида, таъсиси мактабу кўдакистонҳои замонавӣ, таъмиру таҷдиди муассисаҳои соҳаи маориф, ҳифзи тандурустии кўдакон дар дармонгоҳҳо ва оила, ташкили истироҳату фароғати бачагон, бунёди майдончаҳои варзишӣ дар маҳалҳо ва микроноҳияҳо корҳои зиёд амалӣ шуда истодаанд, ки дар маҷмӯъ барои беҳбудии рушд ва камолёбии кӯдакон нигаронида шудаанд.
Бори дигар кўдакони некбахти диёрро бо рӯзи идашон шодбод мегӯям, таманнои онро дорам, ки ҳамеша сулҳу ваҳдати тоҷикон побарҷо, кишварамон обод, кӯдаконамон саодатманд ва ояндаашон дурахшон бошад.
Ид муборак, гулғунчаҳои боғи зиндагӣ!







