30 Май 2026
Недоступен ни однин перевод.
Дар толори МТМУ №21-и шаҳри Хуҷанд чорабинии тантанавӣ бахшида ба сарфарозгардонии хонандагони фаъол, ки соли хониши 2025-2026-ро бо натиҷаҳои назаррас ҷамъбаст намуда, дар Олимпиадаҳои фаннӣ, озмуни Стипендияи Раиси шаҳри Хуҷанд, Сессияи академияи хурди илмӣ, озмунҳои ҷумҳуриявии “Илм-фурӯғи маърифат”, “Тоҷикистон-Ватани азизи ман”, “Кайҳон аз нигоҳи ман”, “Техникони наврас”, озмунҳои шаҳрии “Иншои беҳтарин” ва “Хушнависи беҳтарин” муваффақ гардиданд, аз тарафи маъмурияти муассиса қадршиносӣ шуданд.
Иттилоъ дода шуд, ки дар соли таҳсили 2025-2026 17 нафар хонандагон дар Олимпиадаи сатҳи шаҳрӣ, 2 нафар дар даври вилоятӣ ва 2 нафар дар миқёси ҷумҳуриявӣ, аз ҷумла Нозия Эгамбердиева аз забони англисӣ соҳиби ҷойи сеюм ва Амир Тӯраев соҳиби Сипоснома гардид. 3 нафар гирандагони Ситпендияи Раиси шаҳри Хуҷанд, 2 нафар дар озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикистон-Ватани азизи ман”, 4 нафар дар сессияи академияи хурди илмӣ дар сатҳи шаҳр, 2 нафар дар сатҳи ҷумҳуриявӣ, 4 нафар дар озмуни шаҳрии “Кайҳон аз нигоҳи ман” , дар сатҳи вилоятии ин озмун 2 нафар, 4 нафар дар озмуни шаҳрии “Хаттотони беҳтарин”, 2 нафар дар озмуни “Расми беҳтарин” 4 нафар дар озмуни шаҳрии “Техникони наврас” ва дар сатҳи вилоятии озмуни мазкур 2 нафар ғолибиятро ба даст оварданд.
Аз тарафи директори МТМУ №21 Гуландом Неъматова ба хонандагони ғолиб ва омӯзгорони онҳо Ифтихорнома тақдим гардид.
Дар қисмати фарҳангии чорабинӣ шеърҳои ватандӯстона, рақсу сурудҳои дилангез табъи ҳозиринро болида намуд.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд







