29 Май 2026
Ба таваҷҷуҳи сокинон ва меҳмонони шаҳри Хуҷанд расонида мешавад, ки бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон санаи 1-уми июн, соати 8:00 дар Боғи фарҳангию фароғатии «Наврӯзгоҳ» чорабинии бошукуҳи идона баргузор хоҳад шуд.
Дар доираи барномаи фарҳангӣ барои кӯдакону наврасон барномаҳои рангини консертӣ, суруду рақс, бозиҳои шавқовар, озмунҳои гуногун ва дигар чорабиниҳои фароғатӣ ташкил карда мешаванд.
Аз тамоми сокинону меҳмонон даъват ба амал оварда мешавад, ки ҳамроҳи фарзандони худ дар ин чорабинии идона иштирок намуда, ба кӯдакон лаҳзаҳои хушу фаромӯшнопазир ҳадя намоянд.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд







