29 Май 2026
Дар кўдакистони №37-и шаҳри Хуҷанд маҳфили хотирмон бахшида ба Рўзи байналмилалии ҳифзи кўдакон баргузор гардид.
Кўдакон дар васфи Истиқлолият, Ватан, Ваҳдат, Сулҳ шеъру сурудҳо хонда таронаҳои ҷолиб сароиданд.
Таъкид шуд, ки дар кишвари шукуфону соҳибистиқлоли мо кўдакон бо ғамхорию меҳрубонӣ фаро гирифта шудаанд ва дар муҳити оилаву кўдакистонҳо тарбияву таълими хуб дида истодаанд. Рўзи байналмилалии ҳифзи кўдакон дар миёни мардуми мо ҳамчун яке аз рўзҳои муҳим маҳбубият дорад ва ба ин муносибат тадбиру чорабиниҳои ҷолиб дар қаламрави шаҳр доир мегардад.Ба кўдакони имконияташон маҳдуд ва ятиму бепарастор таваҷҷўҳи хоса зоҳир мегардад. Президенти кишвар мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша дар суханрониҳояшон изҳор медоранд, ки ягон кўдаки ятиму бепарастор ва маъюб бе таваҷҷўҳ нест. Давлат онҳоро ба паноҳи хеш гирифтааст, таълиму тарбия медиҳад, соҳиби касбу кор мегардонад ва ояндаашонро таъмин месозад. Воқеан, кўдакони шаҳри Хуҷанд низ бо меҳру муҳаббат фаро гирифта шудаанд ва аз ғамхориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бархурдоранд.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд







