(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altРаиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода ноиби Президенти Бонки аврупоии таҷдид ва рушд Марк Боуман ва ҳайати ҳамроҳонашро ба ҳузур пазируфт.

Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои марбут ба густариши ҳамкориҳо, саҳми Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар татбиқи лоиҳаҳои муҳими иҷтимоиву иқтисодӣ ва амалисозии нақшаҳои нави ҳамкориро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода меҳмононро ба вилояти Суғд хайрамақдам гуфта, таъкид намуд, ки ҳамкории беш аз бистсола бо Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар татбиқи як қатор лоиҳаҳои муҳими инфрасохторӣ ва иҷтимоӣ натиҷаҳои назаррас ба бор овардааст.
Зикр гардид, ки бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сиёсати созандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вилояти Суғд баҳри беҳтар намудани шароити зиндагии сокинон, рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва татбиқи барномаҳои муҳим тадбирҳои муассир амалӣ мешаванд. Дар ин раванд ҷалби сармояҳои дохиливу хориҷӣ ва саҳми ташкилотҳои байналмилалии молиявӣ, аз ҷумла Бонки аврупоии таҷдид ва рушд, аҳамияти хоса дорад.
Таъкид шуд, ки бо маблағгузории Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар бахшҳои обу энергетика, кишоварзӣ ва дигар соҳаҳои муҳим як қатор лоиҳаҳои афзалиятнок амалӣ гардида, ҳамкориҳои мутақобилан судманд идома доранд.
Раиси вилоят иброз дошт, ки бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳрҳои Хуҷанд, Бӯстон, Гулистон ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров татбиқи лоиҳаҳои муҳим, аз ҷумла беҳтар намудани таъминоти аҳолӣ бо оби нӯшокӣ ва таҷдиди хатҳои партовоб дар назар дошта шудааст ва барои амалишавии онҳо ҷалби сармояи Бонки аврупоии таҷдид ва рушд муҳим арзёбӣ мегардад.
Ҳамчунин, таҷдиду навсозии пойгоҳҳои обкашӣ дар шаҳру ноҳияҳои пахтакор, истифодаи панелҳои офтобӣ дар муассисаҳои иҷтимоӣ ва корхонаву ташкилот, инчунин амалисозии дигар лоиҳаҳои нав дар самтҳои гуногун барои рушди минбаъдаи минтақа муҳим шуморида шуданд.
Ноиби Президенти Бонки аврупоии таҷдид ва рушд Марк Боуман аз сатҳи ҳамкорӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд изҳори қаноатмандӣ намуда, таъкид кард, ки бонк давоми ду даҳсола дар бахшҳои давлатӣ ва хусусӣ лоиҳаҳои зиёдеро амалӣ кардааст.
Ҳамчунин вобаста ба татбиқи Барномаи “Шаҳри сабз”, ки бо маблағгузории Бонки аврупоии таҷдид ва рушд роҳандозӣ мегардад, маълумоти муфассал пешниҳод гардида, зикр шуд, ки бонк барои амалисозии лоиҳаҳои пешниҳодшуда ҳавасманд буда, минбаъд низ ҳамкориҳоро густариш хоҳад дод.
Дар фарҷоми мулоқот Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода Марк Боуман ва ҳайати ҳамроҳонашро ба Ярмаркаи байналмилалии савдо “Суғд-2026”, ки моҳи июн баргузор мегардад, даъват намуд.
Пас аз анҷоми мулоқот Ёддошти тафоҳум миёни Бонки аврупоии таҷдид ва рушд ва шаҳри Хуҷанд дар доираи татбиқи Барномаи “Шаҳри сабз” ба имзо расид.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

?>

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...
Шосаидов С. С. Шосаидов С. С. Шосаидов Саидакбар Саидқурбонович 10-уми октябри соли 1993 дар шаҳри Бўстон таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ мебошад. Баъди ха...