28 Май 2026
Имрӯз дар Кохи фарҳанги ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакии шаҳри Хуҷанд бахшида ба Рӯзи Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ баргузор гардид.
Дар ҳамоиш Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода иштирок намуда, афсарону сарбозон ва собиқадорони Қӯшунҳои сарҳадиро ба муносибати иди касбиашон табрик гуфт.
Таъкид гардид, ки Қӯшунҳои сарҳадӣ ҳамчун сипари боэътимоди давлат дар ҳифзи марзу буми Ватан, таъмини амнияти миллӣ, суботу оромии ҷомеа ва муқовимат ба таҳдиду хатарҳои замони муосир нақши муҳим доранд.
Зикр шуд, ки бо дастгириву ғамхориҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шароити хизмат дар қисмҳои ҳарбӣ ва дидбонгоҳҳои сарҳадӣ сол ба сол беҳтар гардида, заминаи моддиву техникии Қӯшунҳои сарҳадӣ таҳким меёбад.
Раиси вилоят аз ҷасорату садоқати сарҳадбонон ёдовар шуда, иброз дошт, ки хизматчиёни ҳарбӣ бо ҳисси баланди ватандӯстӣ баҳри ҳифзи марзи давлатӣ софдилона хизмат намуда, рисолати муқаддаси худро сарбаландона иҷро мекунанд.







