(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altДар гимназияи №1 ба номи Раҳим Ҷалили шаҳри Хуҷанд ҳамоиши маърифатӣ таҳти унвони "Зиндагӣ чист?" баргузор гардид.

Дар ҳамоиш доир ба рӯйдоди таърихӣ боз як қаҳрамонии Қаҳрамони Тоҷикистон мущтарам Эмомалӣ Раҳмон бобати ба Ватан баргардондани мушти хоки оромгоҳи фарзандони фарзонаи миллат, қаҳрамони Тоҷикистон Нусратулло Махсум, Шириншоҳ Шоҳтемур ва мунодии илм, мубаллиғи китоб, маорифпарвар Нисор Муҳаммад бахшида шуд
Таъкид гардид, ки боиси ифтихори бузурги ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон аст, ки ин иқдоми таърихӣ бо ташаббус ва талошҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ гардид. Истиқболи мушти хоки ин фарзандони фарзонаи миллат аз ҷониби Пешвои миллат дар фурудгоҳ бо эҳтирому самимияти хос бори дигар нишон дод, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ қадршиносӣ аз таърих, ҳифзи хотираи миллӣ ва арҷгузорӣ ба хизматҳои шахсиятҳои бузург ба сиёсати муҳими давлатӣ табдил ёфтааст.
Нусратулло Махсум ва Шириншоҳ Шотемур аз ҷумлаи он абармардоне буданд, ки дар солҳои бисёр ҳассоси таърихӣ барои ҳастии миллати тоҷик, таъсиси давлати миллӣ ва ҳифзи манфиатҳои мардум мубориза бурданд. Онҳо бо ҷасорат ва иродаи қавӣ барои эҳёи номи тоҷик ва таҳкими давлатдории миллӣ талош варзиданд.
Дар баробари онҳо, Нисор Муҳаммад ҳамчун чеҳраи барҷастаи фарҳангиву маърифатӣ дар рушди илму фарҳанг ва бедории шуури миллӣ саҳми арзишманд гузоштааст. Ин шахсиятҳо бо фаъолияти худ барои наслҳои оянда роҳи худшиносӣ ва ватандӯстиро боз намуданд.
Дар ҳамоиш доир ба рӯзгори ибратбахши яке аз аввалин сарварони гимназияи №1, иштирокчии ҶБВ Ҷаннатой Раҳимова, ки солҳои зиёд барои тарбияи насли ҷавон саҳми худро гузошта, аз тарафи нависанда Талъат Нигор доир ба ҳаёт ва фаъолияти ӯ китоби тозанашр бо номи "Муаллиме, ки афсар буд" аз ҷониби Рафоат Бобоева муаррифӣ карда шуд.
Ҳамзамон дар ҳамоиш доир ба мавзӯи "Касби ман- ифтихори ман" маърӯзаҳои ироа гардида, насли наврас дар оянда ба кадом касб машғул мешаванду роҳи зиндагии худро аз рӯи ҳамин касб пеш мебаранд маълумот дода шуд.
Директори гимназия Манзура Муинзода зикр дошт, ки ҳадафи асосии чорабинӣ баланд бардоштани ҳисси худшиносӣ, ватандӯстӣ, тарғиби арзишҳои инсонӣ ва омӯзиши илму дониш ва интихоби дурусти касбу ҳунар мебошад.
Инчунин намояндаи шуъбаи маорифи шаҳри Хуҷанд, сармутахассиси шуъбаи таблиғот ва иттилооти ҲХДТ дар вилояти Суғд Зеварой Бобоева, раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Мунзифа Ҷабборӣ, хешону пайвандони Ҷаннатой Раҳимова, собиқадорону фаъолон роҳбари маҳфил Матлуба Муинова иштирок ва баромад намуданд.
Зимни суханрониҳо таъкид карда шуд, ки ҷавонон ҳамчун нерӯи пешбарандаи ҷомеа бояд маъно ва қадри зиндагиро дуруст дарк намуда, барои расидан ба ҳадафҳои созанда дониш омӯзанд, соҳибкасб гарданд ва дар рӯҳияи ватандӯстиву инсонпарварӣ тарбия ёбанд.
Иштирокчиён доир ба масъалаҳои ахлоқи ҳамида, эҳтироми падару модар, дӯст доштани Ватан, пешгирии омилҳои номатлуб ва истифодаи самараноки вақти холӣ ибрози андеша намуданд. Ҳамчунин қайд гардид, ки баргузории чунин чорабиниҳо барои ташаккули ҷаҳонбинии ҷавонон, баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ ва ҷалби онҳо ба корҳои созанда нақши муҳим мебозад.
Дар фарҷоми ҳамоиш миёни хонандагон мубодилаи афкор сурат гирифта, барои болидахотирии меҳмонон барномаи фарҳангӣ пешниҳод гардид.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

?>

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...
Шосаидов С. С. Шосаидов С. С. Шосаидов Саидакбар Саидқурбонович 10-уми октябри соли 1993 дар шаҳри Бўстон таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ мебошад. Баъди ха...