(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altШоми дирӯз бо ибтикори Планетарияи ба номи Абӯмаҳмуди Хуҷандӣ дар Боғи Абӯмаҳмуди Хуҷандӣ бахшида ба таҷлили бошукӯҳи 35 -умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 46 - умин солгарди таъсисёбии нахустин Планетарий дар Тоҷикистон ҳафтаи ҳаводорони илми афлокро оғоз гардид.

Директори Планетарияи ба номи Абӯмаҳмуди Хуҷандии шаҳри Хуҷанд Фирдавс Ашӯрматов чорабиниро оғоз ва иттилоъ дод, ки он дар асоси нақша-чорабиниҳои Раёсати маорифи вилоят роҳандозӣ гардида, дар доираи он намоиши хиёбонии Моҳ ва сайёраҳоро тариқи телескопҳои диҷетолӣ ва рақамӣ тӯли як ҳафта ташкил карда мешавад.
Иттилоъ дода шуд, ки намоиш аз ҷониби астрофизики номии Федератсияи Руссия - сармутахассиси Планетарияи шаҳри Барнаули Федератсияи Руссия, роҳбари лоиҳаи "Наблюдательный Барнаул" ва коршиноси аршади соҳаи физика ва астрофизикаи шабакаи телевизионии "Россия" Владислав Токарев ба роҳ монда мешавад.
Намоиш бахшида ба Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон комилан ройгон буда, ҳаводорони илми афлок ва хоҳишмандон метавонанд ба макони баргузории ҳозир шаванд ва аз тасвири зиндаи радифи Замин - Моҳ ва сайёраҳои системаи офтобӣ ҳаловат баранд.
Ҳамчунин ҳамарӯза соатҳои 21:00 ва 22:00 дар толори осмони ситоразор намоиши филмҳои илмӣ низ ба роҳ монда мешавад.
Сармутахассиси Планетарияи шаҳри Барнаули Федератсияи Руссия Владислав Токарев баромад намуда, маъмурияти Планетарияи ба номи Абӯмаҳмуди Хуҷандӣ дар Боғи Абӯмаҳмуди Хуҷандиро бо 46-умин солгарди фаъолият таҳният гуфт.
Сипас дар гумбади бузурги Планетария намоиши хиёбонии Моҳ ва сайёраҳо, инчунин бори аввал барномаи "Сонификатсия", "Стелариум" мавриди истифода қарор дода шуд.
Меҳмонони чорабинӣ на танҳо аз телескоп бо сайёраҳои системаи офтобӣ шинос шуданд, балки садоҳои ҳар сайёраро тариқи барномаи махсус шуниданд ва аз гумбади бузурги Планетария филмҳои илмӣ тамошо карданд.
Лозим ба таъкид аст, ки тайи 7 рӯз баргузории чорабиниҳои гуногун барои кӯдакон аз ҷумла фестивалҳои роботтехникӣ, ракета-шоу, авиамоделӣ ва аквагрим низ бо дастгирии Раёсати маорифи вилоят ба нақша гирифта шудааст.
Тамоми ҳаводорони илми афлок ва меҳмонону сокинони вилояти Суғд ва шаҳри Хуҷандро метавонанд давоми ҳафта ба Планетарияи ба номи Абӯмаҳмуди Хуҷандӣ, ки дар Боғи Абӯмаҳмуди Хуҷандӣ воқеъ аст омада, намоиши барномаҳои онро комилан ройгон тамошо намоянд.


Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

?>

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...
Шосаидов С. С. Шосаидов С. С. Шосаидов Саидакбар Саидқурбонович 10-уми октябри соли 1993 дар шаҳри Бўстон таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ мебошад. Баъди ха...