22 Май 2026
Дар гимназияи №1 ба номи Раҳим Ҷалили шаҳри Хуҷанд бахшида ба Рӯзи ҷавонон ҳамоиш таҳти унвони "Ҷавонон-сармояи муҳимтарин нерўи миллат” баргузор шуд.
Ҳамоишро директори гимназия Манзура Муинзода ифтитоҳ намуда, аз ҷумла таъкид дошт, ки кишвари азизи соҳибистиқлоли мо, ки дар раванди татбиқи ислоҳоти сиёсиву иҷтимоӣ ва иқтисодию фарҳангӣ қарор дорад, ба донишу нерӯи созандаи ҷавонон умед бастааст. Чунки ҷавонон дар шароити кунунӣ ба воқеияти сиёсӣ ва иқтисодиву иҷтимоии ҷаҳони муосир зудтар ва беҳтар ҳамоҳанг гардида, дар бунёди ҷомеаи шаҳрвандӣ саҳми ҳалкунанда гузошта метавонанд.
Ифтихори бузурги ҷавонони давлати соҳибистиқлол аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба ҷавонон таваҷҷўҳи хоса зоҳир намуда, ояндаи Тоҷикистони ҷавонро бо боварии комил дар дасти ҷавонон мебинанд.
Дар замони муосир баҳри пешбурди соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқ мавқеи ҷавонон нақши муҳимро мебозад, зеро 70 фисади ҷомеаи Тоҷикистонро ҷавонон ташкил медиҳанд. Дар ҳақиқат ҷавонон дорои зеҳни тозаю созанда, маҳорати бузурги эҷодкорӣ ва қобилияти корӣ мебошанд, ки фаъолияти истеҳсолии онҳо дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа мусбат арзёбӣ карда мешавад.
Ҷавонони ҳар кишвар сармояи муҳимтарин нерўи он миллат ба ҳисоб мераванд, ки агар ин нерў ба хубӣ парвариш дода шавад, оянда метавонад ҳосил ва натиҷаи хубе барои он миллат ва кишвар бошад. Дар кишвари мо низ имрӯзҳо аз ҷониби ҷавонон корҳои назаррас дар соҳаҳои хоҷагии халқ ба роҳ монда шудааст, аз ҷумла дар соҳаҳои маориф, тандурустӣ, иқтисодиёт, сохтмон, нақлиёт, хизматрасонӣ, варзиш, сайёҳӣ, алоқа, ҳифзи ҳуқуқ ва ғайра.
Воқеан, имрӯзҳо ҷавонони кишвар дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ: сиёсат, иқтисодиёту иҷтимоиёт, фарҳанг, тандурустиву саноат саҳми ҳалкунанда доранд ва дар як вақт давлат низ ба ҷавонон таваҷҷўҳи махсус зоҳир намуда, ҳуқуқи онҳоро ба моликият ва фаъолияти соҳибкорӣ кафолат медиҳад. Мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон”, ҷавонон ҳуқуқ ба меҳнат, истироҳат, ҳифзи саломатӣ ва таҳсил дошта, ҳамзамон давлат дастгирии оилаҳои ҷавон ва самти иҷтимоии ҷавононро дар мадди аввал қарор медиҳад.
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ҳар як суханронии худ таъкид мекунанд, ки созандагиву ободкории миллату давлат дар дасти ҷавонон аст ва ҷавонон ояндаи имрӯзу фардои давлату миллатанд.
Ҳамзамон, ҷавонон бояд масъулияти худро дар назди ҷомеа ва давлат амиқ дарк намоянд. Ватанпарастӣ, эҳтиром ба қонун, таҳаммулпазирӣ, заҳматдӯстӣ ва худогоҳӣ сифатҳое мебошанд, ки ҳар як ҷавони замони муосир бояд доро бошад. Танҳо ҷавонони бофарҳанг, донишманд ва соҳибмаърифат метавонанд миллатро ба сӯи фардои дурахшон раҳнамоӣ созанд.
Сипас Фирдавс Фахриддинзода муовини сардори Раёсати ҷавонони вилояти Суғд ҳозиринро бо Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон таҳният гуфт.
Дар анҷоми расмии ҳамоиш як қатор омӯзгорони ҷавон бо сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ қадршиносӣ шуданд.
Барномаи рангини ватандӯстона табъи ҳозиринро болида намуд.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд







