(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altИФТИХОР БО ҶАВОНОНИ ПЕШРАВУ СОЗАНДА ДОРЕМ!

Ҷавони саодатёри Ватан, шаҳрвандони арҷманд!

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз мулоқотҳо бо ҳамсолони шумо таъкид доштанд, ки «Ҷавонони Тоҷикистони соҳибистиқлол неруи созандаи Ватан буда, нақши онҳо дар тараққиёти ҳамаи соҳаҳои ҳаёти давлат ва ҷомеа бисёр арзишманд ва назаррас мебошад.

Мо бо ҷавонони кишвари худ ифтихор дорем, зеро онҳо дар рушди давлат ва ободии Ватан фаъолона саҳм мегузоранд, марзу буми сарзамини аҷдодиро ҳимоя мекунанд, ватандӯсту ватанпараст, бонангу номусанд ва ба халқу давлати Тоҷикистон содиқ мебошанд».
Бале, ҷавонони мо давомдиҳандагони кору фаъолияти насли калонсол, нерўи тавоно ва иқтидори воқеии пешрафти ҷомеа, хулоса, ояндаи давлат буда, фароҳам овардани шароити мусоид барои фаъолияти онҳо минбаъд низ ҳамчун яке аз масъалаҳои муҳимтарини сиёсати Ҳукумат боқӣ мемонад.
Дар замони соҳибистиқлолии кишвар ҳамасола дар қаламрави Тоҷикистон рӯзи 23-юми май - Рӯзи ҷавонон эълом гардидааст. Дар иртибот ба ин санаи шодибахш дар шаҳри Хуҷанд тадбирҳои зиёди идона дар доираи “Ҳафтаи ҷавонӣ” ба монанди “Хонандаи беҳтарини сол”, “Донишҷӯйи беҳтарини сол”, “Олими ҷавон ва ихтироъкори беҳтарини сол”,“Дави миллӣ” ва даҳҳои дигар андешида мешаванд ва амалӣ мегарданд. Дар ин сабқати идона беҳтаринҳо муайян ва қадр мешаванд.
Дар ин радиф аз номи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд кулли ҷавонони саодатманди замон ва сокинони сарбаланди шаҳрро бо Рӯзи ҷавонони Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният мегӯям, барояшон таҳсили хубу аъло, тарбияи неку шоиста, барори кору осудагии рӯзгор, парвозҳои баланди эҷодиву ихтироъкорӣ ва дар хидмат ба халқу ватани маҳбубамон муваффақиятҳои бешумор хоҳонам.
Тоҷикистони соҳибистиқлол ба сўи ояндаи босубот қадамҳои устувор мегузорад ва мусаллам аст, ки дар ин раванд таваҷҷӯҳ ба қишри ҷавони ҷомеа дар меҳвари сиёсати давлату Ҳукумати мамлакат қарор дорад. Воқеан ҳам, ҷавонони щаюру шуҷои мо ин масъулияти хешро хуб дарк мекунанд ва дар эъмори давлати ҳуқуқбунёд, дунявӣ, иҷтимоӣ ва ягона саъюу талош меварзанд.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд бо ҷавонони донишҷӯву ихтироъкор, ватандӯсту меҳанпарвар, соҳибкору варзишгар, мутахассису ҳунарманд ифтихор мекунад ва ташаббусҳои созандаи ононро ҳамеша ҷонибдорӣ мекунад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша бар онанд, ки “Хизмат кардан ба Ватан, аслан хизмат кардан ба падару модар ва бародарону хоҳарони машщули меҳнати осоишта аст. Зеро Ватан ва миллат ду рукни муқаддасест, ки бидуни онҳо ҳеҷ фард сари баланду ифтихори инсонӣ дошта наметавонад». Воқеан, ҷавонони Хуҷандшаҳр дар қатори ҳамсолони хеш имрӯзҳо бо ҳисси баланди миллӣ ва масъулияти ватандорӣ дар сафҳои Артиши миллӣ ва Қувваҳои мусаллаҳ хидмат намуда истодаанд.
Таъсис ва баргузории Озмунҳои ҷумҳуриявии “Тоҷикистон - Ватани азизи ман!”, “Фурӯщи субҳи доноӣ китоб аст”, “Илм – фурӯщи маърифат” “Шоҳномахонӣ” ва амсоли онҳо барои рушди зеҳнии наврасону ҷавонон, санъатдӯсту зебоипараст тарбия ёфтани онон, баланд бардоштани сатҳи донишу малакаи онҳо ва кашфи истеъдодҳо равона гардидааст.
Таъсиси идрорҳои Президенти кишвар, Раиси вилоят ва Раиси шаҳр барои мактабиёну ҷавонони донишҷӯву фаъоли муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олӣ ба ҳукми анъана даромадааст ва ҳар сол дар остонаи Рӯзи ҷавонон сазовортарин ҷавонон ба гирифтани ин гуна идрорҳо шарафёб мегарданд.
Мо бо ҷавононе, ки имрӯз дар мусобиқаҳои гуногуни варзишии сатҳи шаҳриву вилоятӣ, ҷумҳуриявиву ҷаҳонӣ иштирок намуда, сазовори ҷойҳои намоён шуда истодаанд, ифтихор мекунем ва барои дастгирии минбаъдаи онон талош меварзем.
Ҷавонони шаҳри Хуҷанд чун фарзандони асили миллат барои пешрафти иқтисодиву иҷтимоӣ заҳмат мекашанд ва бо кору пайкори хеш идомаи неки падарони шуҷоу модарони арҷманд мегарданд.
Рўзи ҷавонони Тоҷикистонро бори дигар ба кулли мардуми шаҳр, ҷавонон ва наврасон шодбод мегӯям. Бигузор шаҳру кишвари мо ҳамеша дар саргаҳи сулҳу амонӣ, пешрафту тараққиёт қарор дошта бошад ва ваҳдати ҷавонони Тоҷикистон ҷовидон пойбарҷо монад.
Рӯзи ҷавонӣ, айёми хуши зиндагонӣ муборак!

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

?>

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...
Шосаидов С. С. Шосаидов С. С. Шосаидов Саидакбар Саидқурбонович 10-уми октябри соли 1993 дар шаҳри Бўстон таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ мебошад. Баъди ха...