22 Май 2026
Дар Донишкадаи илмҳои дақиқ ва технологияи Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд бо ташаббуси раёсати илм ва инноватсия ба хотири гиромидошти хотираи абармардони таърихи тоҷикон – Шириншо Шоҳтемур, Нусратулло Махсум ва Нисор Муҳаммад чорабинии илмӣ-тарбиявӣ таҳти унвони “Арҷгузорӣ ба абармардони таърихи тоҷикон” баргузор гардид.
Чорабиниро муовини ректор оид ба илм ва инноватсия, доктори илмҳои филологӣ Муҳаммадшоҳ Мирзозода ҳусни оғоз бахшида, ишора намуд, ки дар ҷаҳонбинии ниёгони ориёии мо пос доштани руҳи гузаштагон, ёд кардани падарон, гиромӣ доштани қаҳрамонон ва нигоҳ доштани номи нек аз муҳимтарин нишонаҳои ахлоқи баланд ба шумор мерафт. Онҳо хуб медонистанд, ки инсон бе гузашта мисли дарахти береша аст. Аз ҳамин рӯ, дар фарҳанги ориёӣ, хотираи ниёгон танҳо ёдоварии рафтагон набуд, балки нерӯи зиндаи маънавие буд, ки наслҳоро ба ҳам мепайваст. Бозгашти хоки рамзии фарзандони бузурги миллати тоҷик ба ватан эҳёи хотира, адои қарзи маънавӣ, барқарории адолати таърихӣ ва пайванди дубораи имрӯзи соҳибистиқлолӣ бо решаҳои пурифтихори миллат аст. Мавсуф дар идома таъкид сохт, ки дар силсилаи иқдомҳои маънавӣ ва таърихсоз ташаббуси навбатии Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мавриди ба ватан овардани хоки рамзӣ аз маҳалли дафни ин бузурмардон дар ёдномаи миллати тоҷик ҳамчун рӯзи хотирмон боқӣ хоҳад монд, зеро ҳузури Роҳбари давлат дар маросими истиқболи мушти хоки оромгоҳи ин абармардони миллат маънои амиқ дошт. Ин ҳузури ватан буд дар пешорӯи фарзандони худ, ҳузури давлат буд дар назди хотираи бунёдгузоронаш ва ҳузури миллат буд дар назди руҳи онҳое ки барои номи тоҷик, барои сарнавишти тоҷик ва барои давлатдории тоҷик ҷоннисорӣ намудаанд.
Сипас декани факултети ҷомеашиносӣ ва забонҳо, номзади илмҳои филологӣ, дотсент Ниятқул Ҳаётов дар бобати хизматҳои мондагори ин чеҳраҳои таърихӣ сухан гуфта, ишора кард, ки Шириншо Шотемур ва Нусраттулло Махсум аз чеҳраҳои калидии ташаккули давлатдории тоҷикон дар оғози асри ХХ мебошанд, ки ҳар ду ҳамчун фарзанди ҷонфидои ватан ва шахсиятҳои барҷаста дар роҳи бунёд ва таҳкими давлатдории миллӣ шинохта шудаанд. Нисор Муҳаммад аз чеҳраҳои маърифатпарвар ва хизматгузори роҳи маориф, забон ва бедории миллии тоҷикон ба шумор меравад.
Муовини ректор оид ба тарбия Назирҷон Азизов дар суханронии хеш таъкид намуд, ки давоми 35-соли Истиқлолияти давлатӣ Пешвои миллат дар баробари сохтани давлати навини миллӣ поягузори асосии бунёди тафаккури миллӣ мебошанд. Инчунин дар бобати ҳувияти миллӣ ва арҷгузорӣ ба қаҳрамонон сухан ронда, таъкид намуд, ки мо ҳама бояд дар ин самт пайрави Сарвари давлат бошем ва барои амалишавии идеяҳои миллӣ собитқадамона гом занем.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд







